КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР МАҲАЛЛАҲО

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳову пулҳо дар маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ идома дорад.
Имрӯзҳо  аз тарафи аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо ташаббуси раиси  Ташкилоти ибдидоии ҳизбии деҳаи "Донашикан"- и ҷамоати деҳоти "Нури вахш" бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як пули мошин гузар таъмир шуда истодааст.
Ҳамзамон дар оянда аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизби азм доранд, ки  дигар корҳои созандагиро низ  ба анҷом расонанд.