АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3-юми октябри соли равон бо ташабуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия Аксияи тозагӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид, ки зимни баргузории он гирду атрофи муассиса ва дарахтони атрофи он аз ҳаргуна ифлосиҳо тозаю озода гардонида шуд.

   Қобил ба ёдоварист, ки халқи тоҷик беш аз ҳазор сол бо забони ноби тоҷикӣ сухан карда, фарҳанги арзишманди хешро аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Забон бозгӯкунандаи миллат, пешбарандаи давлат, инчунин, асоси ҳастии Ватан буда, ифтихор ва номуси мост! Аз ин хотир забонро пояи миллат меноманд. Инчунин, эҳтироми забон шинохти миллат аст ва ҳар як фарди баномуси миллат уҳдадор аст, забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд.

Ҳамзамон чунин аксияҳо ва корҳои оббодонию тозагӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия то рӯзи таҷлили ин ҷашни миллӣ баргузор хоҳад гашт.