ТОЗА НАМУДАНИ ОРОМГОҲ ЗЕРИ УНВОНИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ"

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳ аксия зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” тибқи нақша дар Ҷамоати деҳоти Иттифоқ деҳаи Боқи Раҳимзода гузаронида шуд.

Дар амалиёти мазкур сокинони деҳаи номбурда, имомхатиб, раиси маҳалла, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷавонони фаъолона иштирок намуданд. Иштирокдорон дохили оромгоҳро аз партовҳо ва хасу хошокҳо тоза намуда, бехҳои дарахтонро нарм карданд.