ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 01.10.2023 сол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус, чорабинии тантанави сафарбар намудани ҷавон-писарон ба Артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаш ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритус бо шумораи зиёда аз 100 нафар ихтиёри бо рўҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан-Модар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд. 

 Боиси қайд аст, ки дар доираи ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 15 нафар сарбозони ихтиёрӣ ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан сафарбар гардиданд.

Инчунин намоиши варзишӣ ва фарҳангӣ (базми консерти) бо ҳунарнамоии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.