БАЪЗЕ НУКТАҲО РОҶЕЪ БА МАВЛОНО

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар таърихи адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) яке аз бузургтарин шоирон, мутафаккирон ва мутасаввифоне ба ҳисоб меравад, ки бо асарҳои пурарзиши хеш «Маснавии маънавӣ», «Куллиёти Шамси Табрезӣ», «Маҷолиси сабъа», «Фиҳи мо фиҳ» ва «Мактубот» дар миёни аҳли илму адаб басо маъруфу машҳур аст.

Номи шоир Муҳаммад, лақабаш Ҷалолиддин буда, тахаллусаш Хомӯш ва инчунин ӯро бо лақаби Худовандгор низ мехондаанд. Ӯро баъзан Мавлавӣ, Хидмат Мавлавӣ, Мавлонои Рум ҳам зикр мекардаанд.
Сабаби ҷилои Ватан кардани хонаводаи Баҳоуддин Валадро Афлокӣ дар «Маноқиб-ул-орифин»-и хеш чунин ба қалам додааст: «Баҳоувалад ба воситаи ранҷиши хотири Хоразмшоҳ дар Балх маҷоли қарор надид ва ночор ҳиҷрат ихтиёр кард ва гӯянд сабаби умда дар ваҳшати Харазмшоҳ он буд, ки Баҳоувалад бар сари минбар ба ҳукамо ва фалосифа бад мегуфт ва ононро мубтадеъ мехонд ва бар Фахрии Розӣ, ки устоди Хоразмшоҳ ва саромаду имоми ҳукамои аҳд буд, ин маонӣ гарон меомад ва Хоразмшоҳро ба душмании Баҳоувалад бармеангехт, то миёни ин ду асбоби ваҳшат қоим гашт ва Баҳоувалад ба ҷилои Ватан тан дардод ва савганд ёд кард, ки то Муҳаммад Хоразмшоҳ  бар  тахти  ҷаҳонбонӣ  нишастааст, ба шаҳри хеш бознагардад».
Душвортарин лаҳазоте, ки дар рӯзгори Мавлоно ба вуқуъ пайвастааст, ин ҷудоӣ аз Шамси Табрезӣ мебошад. Аксари муҳаққиқони гузаштаву имрӯза аввалин мулоқоти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо Шамси Табрезиро чунин ба қалам додаанд: «Рӯзе Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ дар канори рӯде машғули мутолиаи китобҳое буд, ки қисме аз онҳо мероси қиблагоҳаш‒фақеҳи маъруфи замони худ, шахси соҳибмаърифату шоиртабиат Баҳоуддин Валад буд. Аз қазо дарвеше пайдо шуд ва аз Ҷалолуддин пурсид, ки ин чист, ки ӯ мутолиа дорад?
Мавлоно мегӯяд:
– Эй дарвеш, инро қилу қол гӯянд, туро ба ин чӣ кор, ту ин надонӣ.
Дарвеш даст ба китобҳо зад ва онҳоро як-як ба рӯд андохт. Аз ин кор Ҷалолуддин ба хашм омад ва даст ба гиребони дарвеш зад ва гуфт:
– Эй дарвеш, ин чӣ корест, ки ту кардӣ? Баъзе аз онҳо мероси қиблагоҳ буд. Дарвеш даст ба дарё зад ва китобҳоро боз як-як берун овард. Ҷалолуддин мутаҳаййир аз он ки китобҳоро об набурда ва тар ҳам нашудаанд, бо хиҷолат пурсон мешавад, ки ин чӣ асрор аст ва посух мегирад:
– Эй ҷавон, инро завқу ҳол гӯянд, туро ба ин чӣ кор, ту ин надонӣ. Он гоҳ Ҷалолуддин худ аз баҳри китобҳо мегузарад ва андар пайи завқу ҳол дудаста аз домони дарвеш мегирад. Ин дарвеш Шамси Табрезӣ буд ва Ҷалолуддин дар ин айём 38 сол дошт. Аз ин рӯст, ки бархе аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки он чӣ то имрӯз аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ба мерос мондааст, маҳсули даврони сӣ соли охири умри ӯст ва ӯ ҳамагӣ 68 сол ҳаёт ба сар бурдааст».
Вай аз илмҳои замони худ: фиқҳ, ҳадис, тафсир, улуми арабия ва адабия, фалсафа ва усули ирфону тасаввуф, таърих ҳамчунин, иттилооти доманадоре бар шеъру адаби форсии тоҷикӣ ва арабӣ дошта, забонҳои юнонӣ, туркӣ, арабӣ ва форсиро неку медонистааст.
Баъзе ғазалҳои Мавлоно хусусияти тарҷумаҳолӣ низ доранд. Чунончи, Афлокӣ дар китоби хеш доир ба ғазали зерини ӯ чунин изҳори назар намудааст: «Ҳазрати Султон Валад (дар марзи фавти Мавлоно) аз хидмати беҳадду риққати бисёру бехобӣ бағоят заиф шуда буд ва доим наъраҳо мезад ва ҷомаҳо пора мекард ва навҳаҳо менамуд ва аслан намеғунуд. Ҳамон шаб ҳазрати Мавлоно фармуд, ки «Баҳоуддин! Ман хушам. Бирав саре бинеҳу қадре биёсо». Чун ҳазрати Валад сар ниҳод ва равона шуд ин ғазалро фармуд Чалабӣ Ҳисомуддин менавишт ва ашкҳои хунин мерехт:

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо
                    маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди
                    мубтало кун».

Афлокӣ дар «Маноқиб-ул-орифин»-и хеш овардааст, ки яке аз авлоди Шайх Сайфиддини Бохарзӣ ба Қуния омада буд ва бузургон ба зиёрати ӯ мешитофтанд. Он фарзанди Сайфиддин аз ин, ки Мавлоно ба дидораш нарафта буд, изҳори гила карда буд. Мавлоно дар ин бора фармуд: «Мо аз роҳи дуртаре – аз Бағдоди ҷону Бағдоди ломакон омадаем, ӯ бояд ба зиёрати мо биёяд:

Пеш аз он, к-андар ҷаҳон боғу
                   маю ангур буд,
Аз шароби лоязолӣ ҷони мо
                                     махмур буд.

Ҳамчунин Афлокӣ дар «Маноқиб-ул-орифин» нақли ҷолибе овардааст: «Ҳазрати Ҳисомулҳақ ва-д-дин чунон ривоят кард, ки рӯзе Шайхам (яъне Мавлоно) ба хонаи мо омаду даҳ шабонарӯз аслан ифтор накард. Дарҳоро фармуд бастан ва равзанаҳоро гирифтан ва фармуд, ки дастаи коғази бағдодӣ ҳозир карданд. Ҳамоно ки ба маонии ладунӣ шуруъ карда ба арабӣ ва порсӣ ҳар чи имло фармуда, бинвиштам ва ба овози баланд нусахи насхкардаро мехондам ва мениҳодам. Чун тамом кардам фармуд, ки танӯрро оташ дарандохтанд. Қариб сад табақ коғазро бармегирифт ва дар танӯр меандохт ва мегуфт: "Ало ила-л-Лоҳи тасир-ул-умур" (Ҳон, ки бозгашти корҳо ба сӯи Худост) ва чун оташ шуълаҳо меафрухт табассум мекард, ки аз ғайб-ул-ғуюб омаданду боз ба ғайби беайб мераванд. Чалабӣ Ҳисомиддин фармуда, ки мехостам ҷиҳати табаррук варақе чанд пинҳон кунам, Ҳазрати Шайхам (яъне Мавлоно) фармуд, ки: Не-не, нашояд аз он ки абкори ин асрор лоиқи асмои ахёри ин диёр нест ва истимои ин калимотро арвоҳи хоси Ҳазрат мустаъид гаштаанд ва инҳо ғизои руҳонияти эшон аст, шеър:

Суханам хӯри фариштаст, ман
                              агар сухан нагӯям,
Малаки гурусна гӯяд, ки бигӯ,
                                        хамуш чароӣ?

ва аз он ҷо берун омада, ба ҳаммоми «Зерво» даромад ва бо фараҷӣ ва дас-тори муборак аз сӯрохи ҳазина дар оби ҷӯшон фурӯ рафт ва қурби ҳафт шабонарӯз дар он ҷо буд; Ала-с-сабоҳ сар аз хазина берун карда, ин шеърро сароғоз фармуд, ки шеър:

Боз омадам чун иди нав, то қуфли
               зиндон бишканам
В-ин чархи мардумхорро чанголу
           дандон бишканам...
Ба ҳамин монанд доир ба ғазали дигари Мавлоно ривояти ҷолибе оварда мешавад. Мавлоно он ғазалро дар хитоби наққоше ба номи Айнуддавлаи Румӣ, ки қасд дошта, тасвири Мавлоноро расм кунад, сурудааст. Афлокӣ дар ин бора чунин навиштааст: «Маликаи замон, бонуи ҷаҳон, хотуни Султон, Гурҷихотун аз ҷумлаи муҳиббони холис буд ва доим дар оташи шавқи Мавлоно месӯхт. Наққоше буд ӯро Айнуддавлаи Румӣ гуфтандӣ. [Хотун] ӯро ташрифҳо дода ишорат кард, то сурати Мавлоноро дар табақе расме бизанад... Айнуддавла қалам бар даст гирифта, назаре бикарду ба тасвири сурат машғул шуд ва бар табақе, бағоят сурате латиф нақш кард. Боз назар кард, дувум бор дид, ки он чӣ аввал дида буд, он набуд, дар табақе дигар расме дигар зад, чун суратро тамом кард, боз шакле дигар намуд, алайҳо (ба ҳамон тартиб) дар бист табақи лавнолавн (рангоранг) суратҳо набишт. Ва чандон ки назарро муқаррар мекард, дигаргун медид, мутаҳаййир монда наърае бизад ва беҳуш гашта қаламҳоро бишкаст... Ҳамоно Ҳазрати Мавлоно ҳамин ғазалро сароғоз фармуд:

Оҳ, чи берангу бенишон, ки манам,
Кӣ бубинад маро чунон, ки манам?!

Барои ба таҳти маъниҳои шеъри Мавлоно сарфаҳм рафтан,  хонандаро лозим аст, ки хеле талош варзад. Чунончи дар байти поён доир ба шарҳи ибораи «Хоҷа Фараҷ» ривоятеро меорад, ки бидуни огоҳ шудан аз он, байтро хонанда дуруст фаҳмида наметавонад:

Гуфт маро Хоҷа Фараҷ: «Сабр
                     раҳонад зи ҳараҷ»,
Ҳеч магӯ, к-аз фараҷ аст ин, ки
                      гирифтор шудам.

Дар шарҳу тавзеҳи байти боло муҳаққиқи эронӣ Шафеии Кадканӣ чунин овардааст: «Хоҷа Фараҷ – гӯё ишора ба достонест дар Маснавӣ, ки ғуломе ба номи Фараҷ ошиқи духтари хоҷаи хеш мешавад ва бар асари бесабрӣ ва ношикебоӣ ба саранҷоме бад гирифтор мешавад ва Мавлоно дар зайли ҳамон қисса гӯяд:

То наяфтӣ чун Фараҷ андар
                       ҳараҷ,
Сабр кун, к-«ас-сабру мифтоҳ-ул
                       -фараҷ».
Аҳмад Зоҳир бо шеърҳои Мавлоно меҳру алоқаи зиёде дошт ва ба онҳо арҷ мегузошт. Аз таҳқиқи сурудҳои Аҳмад Зоҳир бармеояд, ки ӯ 10 ғазали Мавлоноро ба оҳанг даровардаву сароидааст. Дар поён матлаи он ғазалҳоро манзури хонандагон мегардонем:

Эй қавми ба ҳаҷрафта, куҷоед,
                       куҷоед?
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед,
                        биёед...
* * *
Биёед, биёед, ки гулзор дамида-ст,
Биёед, биёед, ки дилдор расида-ст...
* * *
Биёед, биёед, ба майдони харобот,
Матарсед, матарсед, зи урёни
                 харобот...
* * *
Биравед, эй ҳарифон, бикашед
                    ёри моро,
Ба ман оваред охир санами
               гурезпоро...
* * *
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ, маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ, маслиҳат нест...
* * *
Ман масту ту девона, моро кӣ
                        барад хона,
Ман чанд туро гуфтам: «Кам хӯр
           ду-се паймона?!»...
* * *
Ман ғуломи қамарам, ғайри
                 қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду
               шакар ҳеҷ магӯ...
* * *
Маъшуқа ба сомон шуд, то бод
                чунин бодо,
Куфраш ҳама имон шуд, то бод
                      чунин бодо...
* * *
Пӯшида чун ҷон меравӣ, андар
               миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, ай
               равнақи бустони ман...
* * *
Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо
                    маро раҳо кун,
Тарки мани хароби шабгарди
                      мубтало кун...

Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ