ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ КОРУ МАРОМАШ БА КОМИ ХАЛҚ...

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳангу ташаббускори ҷомеа зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ, соҳибихтиёрӣ ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ равона намуда, бо мақсади муҳайё намудани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ   таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миёни мардум обрӯву манзалати воло дорад.

Ҳадафи асосии ҳизби пирӯзу созанда, пеш аз ҳама, мусоидат ба таъмини сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ  ва тарғиби идеологияи миллӣ арзёбӣ гардида, мақсаду аҳдофи сиёсии худро шарафмандона амалӣ намуда истодааст.
 

Ҳадафи асосии ҲХДТ дар Барнома ва Оинномаи ҳизбӣ мушаххас таҳия шуда, ғояҳоеро тарҳрезӣ ва амалӣ менамояд, ки дар заминаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла барномаҳои миллию давлатӣ қабул шуда, баррасӣ ва натиҷагирии он дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
 

Баррасӣ ва ҳалли масъалаҳое, ки дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор доранд, марҳила ба марҳила расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор, мусоидат ба баланд гардидани ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти  дохилӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, паст гардидани нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ ва дар ин замина татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат буда, аъзои фаъоли он ҷиҳати тавсеаи корҳои тарғиботӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор корбарии фаъол доранд.
 

Ҳамзамон, мо дастгирӣ ва мусоидати сиёсати ҳизби пешоҳанги  ҷомеаро ҷиҳати татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, сиёсати маориф ва илм тавассути андешидани тадбирҳои доимӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, таҳкими базаи моддию техникии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, омӯзиши забонҳо, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути таваҷҷуҳ ба солимии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, рушди фарҳангу маънавиёт, занону ҷавонон тавассути корбарӣ ва мусоидат ба болоравии фарҳанги миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша эҳсос мекунем.
 

Ин масъалаҳои моҳиятан зарур, ки аз самтҳои меҳварии фаъолияти ҲХДТ арзёбӣ мешаванд, ҳамасола зимни ироаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикимстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ гардида, имкон медиҳанд, ки ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан татбиқ шуда, рушди афзалиятноки соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бамаротиб таъмин гардад.
 

Ташаббусҳои ҳизбӣ дар мисоли саҳми аъзои ҳизб дар таъмири роҳу пулҳо, бунёди муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тавассути расонидани кумакҳои хайрхоҳона ва ватандӯстона анҷом дода мешавад. Аз ҷумла таъсиси нафақаҳои ҳизбӣ ва дастрасии он ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона дар оромгоҳҳо ва водор намудани саховатмандон ба хайру  эҳсон аз анҷоми ин мароми некбинона арзёбӣ мешавад, ки бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад.
 

Занону бонувон низ рушди марҳилаи бунёдкориву созандагиро дар заминаи татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизбӣ комилан дарк намуда, масъулияти баланди саҳмгузорӣ дар раванди ин марҳилаи муҳимро дар меҳвари фаъолияти доимӣ қарор додаанд.
Айни замон шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят аз ҳисоби занону бонувон 88 ҳазору 771 нафарро ташкил додааст, ки ин неруи бисёр тавоно ва бузург аст. Асли ҳамсафони моро занони қавиирода ва донишманд, ташаббускору навовар ва ҳамқадами ҷомеаи муосир ташкил дода, бо ин қувва мо имкон дорем дар вусъати тамоми ташаббусҳои ҳизбӣ иқдом гирифта, ҷавҳари аслии ҳадафи онро ба ҷомеа тарғиб намоем ва ҷиҳати таъмини самаранокии он мусоидати фаъол дошта бошем.  

 

ҲХДТ миёни аҳли ҷомеаи Тоҷикистони муосир вазифаи муҳимеро пеш гузоштааст, ки  ин рисолати созандагист. Ҷавҳари ин рисолатро ташаккули тафаккури миллӣ ва ё идеологияе, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат менамояд, ташкил медиҳад. Дар ин замина дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб, ба хусус, соҳибкорони маҳаллӣ дар тамоми қаламрави вилоят садҳо иншооти таъ-иноти гуногун, аз қабили корхонаҳои калони саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, биноҳои маъмурии хуштарҳу замонавӣ барои фаъолияти ҲҲДТ дар шаҳру ноҳияҳо сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
 

Ин иқдомҳои созанда сол то сол вусъати тоза пайдо намуда, ташаббусҳои навбатӣ ба истиқболи созовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд.
 

Маврид ба зикри хос аст, ки барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ду дастоварди арзишманд- Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ нодиртарин ва пурарзиштарин муқаддасоти миллӣ аст, ки тарғиби ҳифзу ҳимояи онҳо тавассути баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳадафмандона анҷом дода мешавад. Вакилони ҳизбӣ бо дарназардошти вазъи хеле ҳассоси геопалитикии ҷаҳонӣ  бо мақсади эмин нигоҳ доштани ҷавонону наврасон аз  хатару падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ моҳияти соҳибистиқлолӣ ва нақши созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар таҳкими давлатдории миллӣ муҳиму тақдирсоз арзёбӣ мекунанд, ки бозгӯи сабақи пурҳикмату таърихии фаъолияти густурдаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии ватандорию ватансозӣ барои насли имрӯз аст.  
 

Дар ин самт тамоми ҳамсафони мо, аз ҷумла занону модарон бо дарки таҳдиду хатарҳои чаҳонӣ  масъулияти ватандорӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро вазифаи муҳиму моҳиятан зарур арзёбӣ намуда, дар тарбияи фарзандон ва шахсиятҳои арзанда нақши созандаву муҳим мегузоранд. Модарони аз сабақҳои гузаштаи таърихи миллат огоҳ фарзандони худро дар руҳияи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тарбия намуда, аз хурдӣ дар ниҳоди онҳо оини меҳанпарастиро бедор менамоянд, ки ин омил дар ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар мусоидат менамояд.
 

Рушди фарҳанги миллӣ ва мусоидат ба муаррифии миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ҳамарӯзаи ҳизбиён арзёбӣ мегардад. Дар ин самт тарғиби либоси миллӣ ва пӯшидани  либосҳои тарғибкунандаи расму оини миллӣ аз занону бонувон   вобастагии хос дошта, ин рисолатро бо унсурҳои хос ва озодагиву иффати занона ҳифзу нигаҳдорӣ менамоянд. Бонувон бо санъати баланд ва ҷилои нобу тоза фарҳанги миллиро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, ки ин василаи аз байн бурдани падидаҳои бегонапарастӣ миёни ҷомеа мебошад.        
 

Ин самтҳои мубрам зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ таъкидан баён гардида, масъулияти иҷрои он аз ҳар як узви ҳизб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ тақозо карда мешавад.
 

Татбиқи ин рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, баланд бардоштани маърифати зеҳнию фитрии занону ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти ватандории онҳо дар заминаи татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизб ба он натиҷагирӣ карда мешавад. Дар ҳошияи баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҳизби пешоҳанг   фаъолони ин неруи пешбарандаи ҷомеа, гуфтаҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро: “Ман дар назди халқ барои ҲХДТ масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар як узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб мекунам” сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои  вазифаҳои оинномавии ҲХДТ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Абдусаломзода Анзурат,
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, вакили Маҷлиси вакилони  халқи вилояти Хатлон