МУЛОҚОТИ СУДМАНД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

21 -уми сентябр ҳамчунин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим Сайвалӣ ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.
Нахуст, вохӯриро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  оғоз карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

 

Баъдан, Саидзода Ҷамшед Ҳамро - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, доир ба иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ",  сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, сохтмони НБО-и Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср, истиқболи шоиста  аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори адеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон  бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодааст ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳро лозим аст баҳри боз ҳам рушд ёфтани сарзамини аҷдодиамон кӯшиш ба харҷ диҳад.
 

Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  оид ба масъалаҳои дар вохӯрӣ баромад намуда, ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштан дар иқдому ташаббусҳои созанда ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихии 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.

Масъули саҳифа
Зебо Икромзода,
“Ҳамрози халқ”