САФАРИ КОРИИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ФАРХОР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

22 сентябри соли ҷорӣ узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Фархор сафари корӣ анҷом дода, аз нуқтаи қабули пахтаи корхонаи ҶДММ "Водии заррин" ва корхонаи қабул ва коркарди пахтаи ҶДММ "Субҳи Фархор-1" боздид намуд.

Зимни боздид мутахассисони корхонаи ҶДММ "Водии заррин" иттилоъ доданд, ки дар нуқтаи қабул ҳамарӯза наздики 200 тонна пахтаи ҷамъоваринамудаи кишоварзони ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ қабул карда мешаванд. Аз ин ҳисоб, дар давоми 5 рӯзи охир ба нуқтаи қабули мазкур зиёда аз 1000 тонна ашёи хом ворид гардидааст.
 

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулони корхона дастур дод, ки корро дар самти қабули пахта ҷоннок намуда, ҷиҳати тезонидани суръати интернет барои кори токинг дар корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо ширкатҳои мобилӣ корбарӣ намоянд. Дар ҳамин замина ба роҳбарони корхона таъкид намуд, ки оид ба пардохти саривақтии маблағ чораҳо андешанд ва пешниҳод намуд, ки ба хоҷагиҳое, ки пахта ворид мекунанду дар навбатпоӣ меистанд, барои онҳо ҷиҳати омода намудани хӯроки гарм тадбирҳои судманд андешанд.
Бино ба иттилои мутахассисони соҳа имсол кишоварзони ноҳияи Фархор дар майдони зиёда аз 9600 га кишти пунбадона гузаронида, имрӯзҳо дар ҳама хоҷагиҳо ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфтааст ва он босуръат идома дорад. Ҳамарӯза, зиёда аз панҷуним то шаш ҳазор чинакчиён ба саҳро баромада, ба ҳисоби миёна аз 70 то 80 килограммӣ ҳар як нафар пахта чинда истодаанд. То ба имрӯз тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия зиёда аз 8 ҳазор тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта супоридаанд. Кишоварзони ноҳияи Фархор тасмим доранд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, заҳмати дастранҷи хешро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН

23 сентябри соли равон Давлаталӣ Саид  раиси вилояти Хатлон дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар ноҳияи Фархор баъд аз боздиди корхонаҳои коркарди пахта дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор  қабул ва муроҷиати шаҳрвандонро гузаронид.
 

Ба раиси вилоят 18 нафар шаҳрванди ноҳия оид ба масъалаҳои дастгирӣ дар  ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва муассисаи томактабӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ, замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, кумаки моддию молиявӣ ба нафарони эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, сохтмони майдончаи варзишӣ ва дигар масоил муроҷиат намуданд.
 

Раиси вилоят ба масъулони ташкилоту идораҳои ноҳиявию вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳои муроҷиати шаҳрвандон дастуру супориш дод.
 

Дар анҷом  Раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар даъвати тирамоҳӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, тайёрии пурраи муассисаҳои тандурустиву маориф ба мавсими зимистон,таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба раиси ноҳияи Фархор ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шуъбаи таҳлилию
иттилоотии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон