МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР МАҲАЛ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таъмир ва аз навсозии роҳҳо яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.Чунин дастгириҳо ва корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Темурмалик низ бараъло ҳис гардида бо дастгирии Ҳукумати мамлакат роҳҳои пиёдагарду нақлиётгарди қаламрави ноҳия аз ҷумла роҳҳои маркази ноҳия пурра асфалтпуш карда шуданд. Чунин иқдом чанд рӯз қабл дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд  амалӣ карда шуда зиёда аз 2 километр роҳҳо асфалтпуш  карда шуда ба талаботҳои роҳдорӣ мутобиқ гардонида шуд.