БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ МИРАЛИ МАҲМАДАЛИЕВИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани деҳаҳо, кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳия кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия, масъулини ҷамоати номбурда ва сокинони меҳнатдӯст дар аксияи дастаҷамъона, зери унвонӣ “Дар тозагии маҳали худ саҳм мегузорем!” иштирок намуданд.

Ҳамзамон, ин маъракаи муҳим, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани як гӯшаи диёри хеш мебошад, иштирчиён кӯчаву хиёбонҳоро рӯбучин карда, хасу хошок, алафҳои худрӯй, партовҳои дар ду тарафи роҳбударо ҷам намуда бо тариқи техникаҳои зарурӣ кашониданд, ҷӯйбори обгузари сари роҳро аз партовҳо ва аз алафҳои бегона тоза карданд. Ҳамазамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия чунин корҳои тозагӣ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.