Пули деҳаи Бешкент пурра таъмин гардид

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Бешкенти Ҷамоати деҳоти Истиқлол сокинон- аъзоёни фаъоли ҳизб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  дар  тамоми корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ  саҳми шоиста мегузоранд.

 Сокинони фаъоли деҳаи Бешкент сарҷамъона пули мошингузари деҳаро таъмир намуданд. Акнун  ҳам мардуми маҳалла, ҳам мошинҳо  бе ягон мушкилӣ аз болои ин купрӯк мегузаранд. Сохтану таъмири пулҳо, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, бунёди дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар ноҳия ба ҳукми анъана даромадааст. Сокинони ноҳия ин корҳои шоистаро амали хайру савоб дониста, бунёдкорию созандагиро қарзи фарзандии хеш медонанд.