Мумфаршкунии роҳҳо дар деҳоти ноҳияи Дӯстӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.

    Чунин дастгириҳо ва корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Дӯстӣ низ бараъло ҳис гардида бо дастгирии Ҳукумати мамлакат чандин биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, биноҳои тандурустӣ қомат афрохта ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам намудаанд.
Хусусан таи солҳои охир роҳҳои марказӣ ва дохилии маркази ноҳия пурра асфалтпуш карда шуданд.
Чунин иқдом имрӯз дар маркази Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта яке аз роҳҳои асосии маркази Ҷамоати шаҳрак асфалтпуш карда шуд.
Дар ин кор саҳми кормандони Муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дӯстӣ низ хеле калон буда кормандон бо истифода аз техникаҳои роҳсозии ин муассиса роҳро мумфарш намуданд.