“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 сентябри соли 2023 дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти "Ориён"- и ноҳияи Кӯшониён, барои тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо аксия зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд.

Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар охири амалиёт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш”-и ноҳияи Кӯшониён Маҳмадализода Шукрона бо иштирокдорон вохӯрӣ доир намуда, оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ ба сокинон ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро баён доштанд. Ин ташаббус дар тамоми оромгоҳҳои ҳудуди ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.