РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРИ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳо бахшида ба 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бо маром идома дорад.

Сайрамби Ҷалилова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз корҳои таъмирии бинои  Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Муъминобод боздид намуданд дар рафти боздид маълум гардид, ки корҳои таъмири босифат ва дар ҳолати муаяншуда анҷом ёфта истодаанд.

Зикр кардан бамавридаст, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дар ободиву пешрафти ноҳия саҳмгузор бошанд, то ба ин васила тавонанд, ки дар рушду нумуи як гӯшаи кишвари азизамон нақши арзандаи хешро гузошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин корҳои ободонӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ идома дорад