ИСТИҚБОЛИ ҶАШНВОРАҲО БО КОРҲОИ ОБОДОНӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёби ҲХДТ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ як қатор корҳои назарас ба анҷом расида истодааст. Насб намудани 100-дона қуттиҳои партовгирӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Комуналчиён”, ки роҳбараш Солеҳзода Олимҷон мебошад, иқдоми хубест дар арафаи ҷашнҳо.

Тозагӣ гарави саломатӣ буда, партофтани партовҳо дар ҷойҳои муайянгардида, ҳам ҳусни ноҳияро зебо мегардонад ва ҳам ба саломатии экологӣ манфиати хуб дорад.