НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАСТРАС ГАРДИД.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати расонидани дасти кӯмак ба нафарони аз оилаҳои ниёзманд ва ятимону бепарастон яке аз амалҳои хайрхоҳона ба шумор рафта, масъулини ҳизбӣ бобати ба субот расонидани чунин амалҳо пайваста корбарӣ менамоянд.

         Муддати чанд сол аст,ки яке аз чунин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён,яъне дастрас намудани нафақаи ҳизбӣ ба нафарони ятиму камбизоат ва ниёзманд ба роҳ монда шуда, ба онҳо расонида мешавад.

         Дар арафаи сазовор истиқбол намудан аз 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ҳизбӣ аз ҳолу аҳволи нафақагири ҳизбӣ, маъюби гурӯҳи 1 Ибодати Амирхон аз наздик ошноӣ пайдо намуда, зимни аёдат нафақаи ҳизбиро ба Идиев Амирхон парастори нафақагир дастрас намуданд.  

 

 Суратгузориаш аз ҷараёни баргузории ташаббуси ҳизбӣ: