АЛИҶОНИ САРБАНДӢ: «МАРО ҲАМЧУН АДИБ ШИНОСАНД»

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Алиҷони Сарбандӣ аз оғози солҳои 2000 ба ҷодаи адабиёт қадамҳои устувор гузошт ва дар натиҷа маҷмуаҳои шеъриаш пайи ҳам ба табъ расиданд. Бояд ёдрас шуд, ки Алиҷони Сарбандӣ то ба имрӯз соҳиби чандин маҷмуаи шеърӣ буда, инчунин намунаҳои ашъораш дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Аз Хуталон омадия», «Нур дар ҳалқаи нур», «Забони тоҷварон», «Файзи истиқлол», «Наврӯзнома»,  «Аз Рӯдакӣ то Комилӣ» ва матбуоти даврӣ низ ба табъ расидаанд.

Алиҷон дар байни қаламкашони шаҳри Левакант ягона эҷодкорест, ки шеъраш мухайял, дилнишин, хушоҳанг ва саршори санъати бадеӣ мебошад. Ӯ шиорпартоию нозимӣ накарда, воқеан ҳам шеър мегӯяд. Ҳар як байташ дорои мазмуни нав мебошад ва ин ҳама дар натиҷаи мушоҳидаю омӯзиш ва нигоҳи шоирона ба даст меояд. Мавсуф ҳамеша дар талошу навҷӯӣ буда, кӯшиш мекунад, ки шеъраш аз шеъри дигарон фарқ кунад. Ана ҳамин гуна эҷодкориҳо ба шеъри ӯ имтиёзи хоссае бахшидааст, ки шеъраш аз шеъргунаву умумигӯӣ орӣ бошад.
 

Инро ҳам бояд қайд кард, ки ӯ ҳамчун шоири соҳибистеъдод ва дорои пайроҳаи хос барои ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудан аллакай сазовору арзанда мебошад. Чанде пеш мо бо ин шоири ширинсухан мусоҳибае анҷом додем, ки дар поён фишурдаи онро манзури хонандагони гиромӣ мегардонем:
 

‒ Алиҷон, Шумо ҳамчун шоир то ба имрӯз соҳиби чанд маҷмуаи шеърӣ гаштаед?
 

 То ба имрӯз нуҳ маҷмуаи шеъриам аз чоп баромадааст. Маҷмуаи аввалинам бо номи «Оҳанги дил» соли 2003 чоп шуда буд. Баъдан дар солҳои гуногун маҷмуаҳои дигари шеъриам бо номҳои «Нигоҳи ишқ», «Тӯëна», «Баҳори орзу», «Ангезаҳои сӯзи дил», «Фарëди ишқ» («Зов любви»), «Сад садои садоқат», «Меҳрборон»  ва «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос»  ба нашр расидаанд.
 

 Бубахшед, ба ҷуз эҷоди шеър дар насрнависӣ ҳам қувваозмоӣ кардаед ё не?
 

Насрро меписандам ва бисëр асарҳои насриро мутолиа кардаам, вале ба ҷуз аз якчанд таронаи хурд-хурд дигар асари кироие нанавиштаам. Агар устод Садриддин Айнӣ дар оғози асри ХХ «чаҳорчӯбаи шеър бароям танг омад» гуфта бошад, баръакас барои ман иброз намудани рози дил дар қолаби шеър қулайтару осонтар даст медиҳад.
 

Чӣ сабаб шуд, ки аз ҳазору як шуғли дигар дида Шумо ба шеъру шоирӣ рӯ овардед?
 

 Ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ гоҳ-гоҳе шеъргунаҳое менавиштам, вале ба таври ҷиддӣ охири солҳои навадум ба шеъргӯӣ пардохтам. Агар аниқтарашро гӯям, ҳангоме, ки дар назди идораи рӯзномаи «Нури Сарбанд»-и шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант) маҳфили адабии «Гулбазм» ташкил гардид, ман ба таври ҷиддӣ ба навиштани шеър машғул шудам.
 

Барои шоир шеъраш фарзанди маънавист. Мегуфтед, ки аз байни маҷмуаҳои шеъриатон кадомаш бароятон азизтар ва ё серхонандатарин аст?
 

Бароям ҳамаи шеърҳоям азизанд, вале китоби «Тӯëна» ва «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос» серхонандатарин ба ҳисоб меравад, чунки мухлисони ашъорам ин китобҳоро бештар дархост кардаанд. Китоби «Тӯëна» аз шеърҳои табрикотӣ иборат аст, ки барои навхонадорону соҳибҷашнҳо бахшида шудааст, аз ин рӯ талабот ба он низ зиëд аст. Талаботи мухлисонро ба назар гирифта, онро панҷ маротиба ба нашр расонидам. Китоби «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос» бештар аз шеърҳои бачагона иборат мебошад, ки ба иду ҷашнҳо бахшида шудаанд. Ин китобро бештар хонандагони синфҳои болоӣ дархост мекарданд, то шеърҳояшро дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ истифода намоянд.
 

 Ба ҷуз эҷоди шеър, инчунин бо аҳли илму адаб ҳам робитаи дӯстиву эҷодӣ доред?
 

 Қариб бо ҳамаи қаламкашону эҷодкорони шаҳри Левакант робитаи дӯстиву эҷодӣ дорам. Аз ҷумла, шоирон Раҳматуллоҳи Исматӣ, Ашӯралӣ Юсуфӣ (Ашк Юсуфӣ), Махфират Назарова (Махфӣ) ва чанде дигарон. Инчунин, аз шоирони маъруфи вилоятамон бо Озар, Чӯпон Бадали Ванҷӣ, Рустами Хомарахш, Сафармад Аҳмадов ва дигарон робитаи дӯстиву эҷодӣ дорам. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо бисëре аз адибони машҳур ошноӣ пайдо кардам, ҳатто баъзе аз адибони шинохтаи вилояти Суғд ба монанди Исмоил Зарифӣ, Иброҳими Наққош ва Насимбеки Қурбонзод ба аëдати банда низ омада буданд.
 

Дар эҷоди шеър, умуман дар роҳи эҷодкорӣ киҳоро устоди хеш медонед?
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барҳақ фармудаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Устод Раҷабалӣ Дилҷӯро аввалин устоди худ мешуморам, чунки вақте шеърҳои навиштаамро диданд, маро ба давом додани эҷодкорӣ талқин карданд ва нагузоштанд, ки руҳафтода шавам. Албатта, дар давоми кори эҷодӣ аз дигар адибони муосир низ чизҳое ҳам омӯхтаам ва рисолати шоирӣ низ ҳамин аст, ки то нафаси вопасин бояд биëмӯзем ва ҳеҷ гоҳ аз омӯхтан даст накашем. Бо он чи, ки медонем, қонеъ шудан лозим нест. Дар навбати худ бояд аз таҷрибаи гирифтаи худ ба шогирдони навқалам сабақ бидиҳем, то ки шуълаи маърифату фарҳангу адабиëти ниëгон ҳеҷ гоҳ хомӯш нагардад.
 

 Шояд дар ин муддат сарояндагону мутрибон ба шеърҳоятон таваҷҷуҳ кардаанд? Агар махфӣ набошад, каме дар бораи ин ҳамкориҳо сухан мекардед?
 

Ба шеърҳои банда бисëре аз сарояндагон оҳанг баставу сурудаанд. Аксаран сарояндагон   оҳанги   тайëркардаи   худро ба ман пешниҳод мекунанд, то ман онро гӯш карда, мутобиқ ба ҳамон вазн шеър нависам. Чунин тарзи кор бароям осонтар аст, чунки лаҳни мусиқӣ қолаби шеърро муайян мекунад ва ман шеърро бо андозаи ҳамон оҳанг мутобиқ карда менависам. Сарояндагони ҷавон бештар сурудҳои сабук дархост мекунанд, ки ин, албатта, табиист, зеро ҷавонон ҳанӯз хунгарманд ва барояшон бештар чунин сурудаҳо писанд аст. Мо ‒ насли калонсол набояд нисбат ба ҷавонон сахтгир бошем, зеро худ низ як замоне ҷавон будем ва чунин сурудҳои сабукро низ меписандидем. Завқи одам ба синну сол ҳам вобаста будааст.
 

Дар чопи китобҳоятон киҳо кумак кардаанд?
 

Китоби «Баҳори орзу»-ро соли 2000 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 150 нусха чоп карда буд. Азбаски аз сабаби кам чоп шуданаш ба бисëре аз дӯстону мухлисонам даст-рас нагардид, бинобар ин  бори дигар аз ҳисоби маблағҳои пасандозкардаи худ китоби мазкурро чоп кардам. Китоби «Меҳрборон» соли 2018 бо кумаки соҳибкори муваффақ Ҳоҷӣ Амруллоҳи Муштоқ ба нашр расид.
 

 Аз осори адабӣ бештар кадом намуди онҳоро мавриди мутолиа қарор медиҳед?
 

Пайдо шудани Интернет барои ашхосе, ки мутолиа кардани асарҳои бадеиро дӯст медоранд, имкониятҳои зиëдеро фароҳам овардааст. Банда низ истисно нестам. Ҳар вақт ки фурсат даст диҳад, аз шабакаи Интернет эҷоди адибони машҳур ва адибони ҷавонро мутолиа мекунам. Азбаски ба шеъру шоирӣ майлу рағбати беандоза дорам, бинобар ин  бештар осори наз-миро мутолиа мекунам.
 

Аҳли фарҳангу ҳунар ва ё хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз шеърҳои эҷодкардаатон истифода мекунанд?
 

Бале, чунин амалҳо зуд-зуд сурат мегирад. Масалан, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр якчанд рӯз пештар аз доир шудани чорабинии идона ë ҷашнӣ аз ман хоҳиш мекунанд, ки вобаста ба мавзуи ҳамон чорабинӣ барояшон шеър эҷод кунам. Ҳамин омил боис шуд, ки китоби «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос»-ро мураттаб ва чоп намоям.
 

Инчунин, ҷавонон дар тӯю хурсандии мардум аз шеърҳои табрикотии банда, ки дар китоби «Тӯëна» фароҳам омадааст, фаровон истифода мебаранд ва ман аз ин ифтихор мекунам, ки тавонистам андаке ҳам бошад ба мардум хизмати худро расонидаам.
 

Сокинони шаҳри Левакант Шуморо ҳамчун адиб хуб мешиносанд ва бо маҳсули эҷодатон нек ошноӣ доранд?
 

 Бале, дар арафаи ҳар иду ҷашн Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва идораҳои дахлдор дар қатори дигар маъюбон ба аёдатам меоянд. Онҳо маро на ҳамчун адиб, балки ҳамчун маъюб мешиносанд. Моҳи декабри соли 2022, дар арафаи соли нави мелодӣ собиқ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳрамон Бунафша Файзиддинзода ба аëдатам омада буданд ва ман эҳсос кардам, ки ба ман ҳамчун адиб таваҷҷуҳ кардаанд. Умед дорам, ки минбаъд низ маро ҳамчун адиб хоҳанд шинохт.

Мусоҳиб, Раҷабалӣ Худоёрзода,
«Ҳамрози халқ»