ЯТИМОНУ БЕПАРАСТОРОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Нуралӣ Ризоев дар муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш чорабинии идона доир гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Файзализода Қобилҷон, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳия Маҳмадализода Гулҷаҳон, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Сабоҳат Ватанзода иштирок доштанд.
 

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки кӯдакони ятиму бепарастор зери таваҷҷуҳи хоса Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамин аст, ки бо ҷонибдорӣ аз иқдомоти Роҳбарияти Олии кишвар пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпеша, фаъолони ҲХДТ ба қишри ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро омӯзгорону таълимгирандагони ин даргоҳи илму маърифатро бо фарорасии санаи муҳими таърихии 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки Истиқлолияти  давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тамаддунофари халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки ин санаи тақдирсоз ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихии миллат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст. Истиқлолияти  давлатӣ гаронмоятарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
 

Қобили зикр аст, ки даврони пурифтихору сарфарозии миллати тоҷик, ки онро ҳар яки мо ба унвони Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддас мешуморем, Ватани азизи мо -Тоҷикистон хонаи умеди тамоми тоҷикони олам гардида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин чеҳраи таърихсозу наҷотбахши миллат дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб гардид.

Дар охир ба Файзализода Қобилҷон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб тақдим карда шуда, ба тарбиятгирандагони Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш як миқдор кумаки яквақтаина, аз қабили маводи ғизоӣ ва сару либоси мактабӣ расонида шуд.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”