Санҷиш оид ба вазъи пардохти ҳаққи узвият дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҳизб оид ба муқоисакунии пардохти ҳаққи узвият бо сармуҳосибони ду муассисаи таълимии ноҳия, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ШУҒЛИ АҲОЛӢ” муттаҳиданд, суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат масъулин  моҳияти муқоисакунии пардохти аъзоҳаққиро фаҳмонида дода, таъкид карданд, ки дар оянда фаъолияти ҳизбро дар ташкилоти ибтидоӣ пурзӯр намоянд.