ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён шоми 7-уми сентябр дар майдони марказии ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии "Шоми Истиқлол" бо шукӯҳу шаҳомати баланд баргузор гардид.

Нахуст дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона бо суханҳои табрикотӣ баромад карда, кулли сокинонро бо ин ҷашни милливу давлатӣ шодбош гуфт ва Истиқлолу озодӣ, тинҷиву осудагии Ватанро неъмати бебаҳо арзёбӣ намуд, ки маҳз ба туфайли ҷонфидоиву сарсупурдагиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.