Баргузории озмуни расмкашӣ миёни хонандагон бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар рӯҳияи қадршиносӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи онҳо, садоқат ба анъанаҳои миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, меҳандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ дар муассиаи таълимии №2-и ноҳияи Восеъ бахшида ба 32-солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон озмуни расмкашӣ миёни хонандагони ин даргоҳ баргузор гардид.Зимни баргузории озмуни мазкур хонандагон иброз доштанд, ки шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Воқеан, Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ меҳвари сиёсати дохилию хориҷии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.