ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВАЗИФАИ МО ҶАВОНОН АСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Истиқлолият вожаи боарзише мебошад, ки озодию осудаҳолӣ, хушбахтию саодатмандӣ ва сарҷаъмии миллати тамаддунофару таманддунсози тоҷикро ифода мекунад. Истиқлолу озодӣ барои ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос, алалхусус барои мо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва пайравони асили Пешвои миллат самимию муқаддас мебошад, -андешамандона риштаи суҳбатро кушод Амирзода Афсона, магистранти бахши дуюми факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Амирзода Афсона аз зумраи ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлол аст, ки мегӯяд мисли ҳазорон тан ҳамсолони худ аз неъматҳои бузурги Истиқлоли кишвар баҳравар мебошад. Хушбахтии оила ва ояндаи дурахшони ҷомеаро  дар пойдеворию мустаҳкамии Истиқлолият медонад. Албата, ин ҳама озодию оромӣ ва сулҳу ҳамбастагӣ бо талошу заҳматҳои абармарди сиёсатмадор, шахсияти оқилу доно Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро пояндаву миллати онро дубора сарҷамъ намуд. Дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ замина гузошт, ки имрӯз тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд. Бо шарофати Истиқлолият имрӯз Тоҷикистон дар ҷаласаву ҳамоишҳои Созмони байналмилалӣ овози худро дошта, мавқеи давлат ва мардуми моро оид ба масоили гуногуни глобалӣ ироа медорад. Мо ҷавонони хушбахти ин сарзамини пурганҷ замоне ба дунё омадаем, ки низоми давлатдорӣ дар дасти сиёсатмадори нотакрор  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо ҷавонони зодаи Истиқлол аз он хушҳолу сарфароз ҳастем, ки ҷангу хунрезӣ куштору бесарусомониҳои миллати тоҷикро танҳо дар оинаи нилгун дидаем.
 

Дар он замон шабу рӯз дар чашмони зан-модари тоҷик ашки ғам дида мешуд, зеро бародару хоҳар, модару фарзанди хешро аз даст додаву ҷойе барои зистан надоштанд. Шумораи зиёди ҳамватанонамон дар ғурбат ба сар бурда, умеди зистану бозгашт ба Ватан ва зиндагии осоиштаро надоштанд. Хушбахтона бо ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарфарози тоҷик Истиқлолиятро ба даст оварданд.
 

Имрӯз вақте зан-модари тоҷик Истиқлолият мегӯяд вуҷудашро шодию сурур фаро мегирад. Зеро дигар аз чашмонашон ашки ғам не, балки ашки шодӣ ҷорӣ мешавад. Истиқлолият орзуи на танҳо зан-модари тоҷик, балки орзуи ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси  тоҷик  мебошад.
 

Истиқлолият пеш аз ҳама ба ҷавонон хушбахтию озодӣ сулҳу суботро фароҳам овард. Истиқлолият барои мо ҷавонон заминаи мусоидеро фароҳам овард, ки метавонем озодона таҳсил карда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият намоем. Инчунин, истиқлолият барои ҷавондухтарон демократия ва баробарҳуқуқии зану мардро фароҳам сохт. Маҳз ҳамин Истиқлолият аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар бозори байналмилалӣ муваффақу рақобатпазир ҳастанд.
 

Амирзода Афсона бар он назар аст, ки Пешвои миллат аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд ва имрӯз ҳам такя ба мо ҷавонон доранд. Зеро борҳо таъкид мекунанд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат ҳастанд. Мо ҷавонон созандаву бунёдкор ва пешбарандаи арзишҳои ин давлати соҳибистиқлол ҳастем.
 

«Хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва расидан ба зиндагии шоиста рисолати ҳар як ҷавони тоҷик аст. Ман мутмаинам, ки ҷавонони баору номуси миллат аз ин шароиту имкониятҳое, ки фароҳам гардидааст, дар омӯхтани илму ҳунарҳои мухталиф фаъол буда, баҳри боз ҳам рушду тараққӣ ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузоранд»,- мегӯяд Амирзода Афсона.
 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳавасмандии ҷавонон стипендияи Президентӣ дар ҳошияи он стипендияи раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, стипендияи Дурахшандагон ва Квотаи президентиро роҳандозӣ кардаанд, ки имконияти хубест барои таҳсили мо ҷавонон.
 

«Ман аз он ҷавони хушбахтам, ки дар солҳои таҳсил дар муассисаи таълимӣ ва донишгоҳ гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будам. Барои ман боиси ифтихор аст, ки номи пуршарафи гирандаи ин стипендияи ифтихориро соҳиб шудам ва барои ноил шудан пайваста хондану аз худ кардани илму донишро тақозо дорад”,- мегӯяд мусоҳиби мо.
 

- Аз соли 2020 то инҷониб узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошам ва боиси ифтихору сарфарозист, ки соли 2020 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар Анҷумани 14-уми ғайринавбатии ҲХДТ ҷавонтарин вакил пешбарӣ гардида будам. Дар Анҷуман ба ман муяссар гардид, ки аз номи кулли ҷавонони тоҷик  доир ба дастоварду пешравиҳои ҷавонон ва дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон  суханронӣ намуда, бо шаҳодатномаи ҲХДТ сарфароз гардидам. Он вақт ҳамагӣ 19 сол доштам ва минбаъд ҳамчун узви фаъоли ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва пайрави содиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош мекунам.
 

Ӯ аз узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ифтихор дорад, зеро роҳбари ин ҳизб  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба андешаи ӯ ҳадафи асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама таъмини зиндагии шоиста ба мардум мебошад ва ин ҳама корҳои ободонию созандагӣ ва пешрафту шукуфоиеро, ки мебинем аз талошҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб ва аъзои он дарак медиҳад.
 

-Ҷавонон бояд бо зиракию сиёсӣ, ватандӯстию ватанпарастии хеш зери сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкимгари сулҳу ваҳдат бошанд. Истиқлолиятро барои мо ҷавонон туҳфа карданду ба мерос гузоштанд, имрӯз мо вазифадор ҳастем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо ҷавонон ҳамеша дуо мекунем, ки Тоҷикистони азиз сарсабз бошад. Сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Парчамаш парафшон ва садои мусиқӣ танинандоз бошад.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»