ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста мардумро  барои  омӯхтан  ва  покиза  нигоҳ доштани забони давлатӣ ҳидоят менамоянд.

Дар яке аз суханрониҳои худ чунин гуфта буданд: «Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст».
 

Ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ буда, монанди дигар арзишҳои миллӣ барои халқи тоҷик азизу муътабар ба ҳисоб меравад. Боиси шодмонию ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бо кӯшиши Сарвари давлат ва зиёиёни асили кишвар мақоми арзандаро соҳиб шудааст. Забон ҳамчун рукни асосӣ ва ҷавҳари ҳастии миллат, нишони давлатдории миллӣ мебошад ва сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамин асос устувор гардидааст.
 

Ин забон моро ба давраҳои дури таърихӣ, яъне ба замони гузаштаи ниёгонамон мепайвандад. Имрӯз ин забони биҳиштӣ дар се кишвари олам: Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон ба ҳайси забони расмию давлатӣ мавриди истифода қарор дорад. Забони тоҷикӣ, ки забони қадимаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, мояи ифтихори мо мебошад, зеро он таърихи басо бою ғанӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик таъкид намуда буданд, ки:  «Забон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни асосии миллат ва давлат аст».

 

 Ба ақидаи шоира Гулрухсор: «Марги миллат аз марги забон сар мешавад, марги забон аз беномусиву бегонапарварии соҳизабонон».
Забони форсии тоҷикӣ муддати мадиде дар мамолики Шарқ ҳамчун забони муоширати байни халқу миллатҳо ба шумор рафта, бисёре аз намояндагони халқу миллатҳо шефтаву мухлиси ин забон гардида, осору эҷодиёти худро маҳз бо ин забон ба ёдгор гузоштаанд.
Тавре, ки медонем, мутафаккири бузурги олмонӣ Ҳёте шефтаву мадҳуши шеъри волои Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ гардида буд. Дар ин хусус донишманди эронӣ чунин сухани аҷибе гуфтааст: «Дар Арш ба форсӣ сухан гӯянд. Ва ваҳйи Худованд дар фармонҳои нарму ором ба форсӣ ва дар амри сахт ба забони арабист».
Дар ҳадисе аз Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст, ки: «Лисону аҳлил-ҷаннати арабиюн ва форсиюн дариюн», яъне забони аҳли биҳишт арабӣ ва форсии дарист. Пас чаро мо ин забони биҳиштиро наомӯзему гиромӣ надорем?
Ман ин ҷо ба омӯзиши дигар забонҳо зид нестам, бигзор ҳар шахс кадом забонеро хоҳад омӯзад, вале ҳар кас пеш аз ба коре даст задан, аввал андеша мекунад, ки кадом кор муҳимтару заруртар аст, сипас аз пайи иҷрои он амри муҳиму зарурӣ мешавад.
Шоир Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ хуб фармудааст:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Масъалаи забондонию забономӯзии ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ бетафовут нагузоштааст. Пешвои миллат  дар баромадҳо ва вохӯриҳояшон ба аҳли зиёи кишвар доир ба забону забономӯзӣ дахл карда, мардумро борҳо ба забондонию забономӯзӣ ташвиқ карда буданд.
 

Мақоми забони тоҷикӣ дар Конс-титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, дар чунин сатҳ қарор дода шуд: «Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ба маҳзи дар Конститутсияи ҷумҳурӣ мақоми худро соҳиб шудани забони тоҷикӣ татбиқи Қонуни забон дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба маҷрои худ бо диду нигоҳи тоза ворид гардид. Зеро ҳукумату давлати тоҷикон зери сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк менамуданд, ки ҳар давлат бо забон зинда аст ва забон яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ  ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид муайян намудани муносибати давлат нисбат ба забон аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ маҳсуб мегардад.
 

Иқдоми навбатии ҳукумат ва давлат дар самти  густариши забони тоҷикӣ аз он иборат буд, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июн  соли 2021, №268 дар таҳриру такмили нав тасдиқ гардид. Ин бесабаб набуд, зеро мушкилоти имло яке аз масъалаҳои муҳим барои забони тоҷикӣ мебошад ва аз қабули қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки ҳанӯз соли 2009 ба амал бароварда шуда буд, солҳои зиёд паси сар гаштаанд. Имло ба шароити нав ва талаботи рӯз, ки дар сиёсат ва раванди забон тағйиру дигаргуниҳои зиёд ба миён омаданд, ҷавобгӯ набуд.
 

Дар баробари дигар шудани сохти ҳукуматдорӣ ва дастовардҳои зиёди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар мавриди фарҳангу забон ҳам дигаргуниву пешрафтҳои ҷиддиро ба миён овард. Талаботи давру замон ва муносибатҳои нави иҷтимоиву иқтисодӣ тақозо намуд, ки Қонуни забон иваз карда шавад. Баъди баррасии бардавом ва бо назардошти таклифу пешниҳоди аҳли ҷомеа бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 октябри соли 2009, таҳти № 553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муайян ва истифодаи онро дар фаъолияти  мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
Маҳз бо мақсади амалӣ сохтани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, таҳти №604 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки сиёсати давлатиро дар самти рушду инкишофи забон таъмин намуда, ҳамаи масъалаҳои марбут ба забонро ҳаллу фасл менамояд.

 

Инро набояд фаромӯш кард, ки забон яке аз қувваҳои бузургест, ки мардумро иттифоқу муттаҳид мегардонад, меҳру муҳаббатро дар дили онҳо бештар ҷой медиҳад. Калимаҳои «якдиливу якзабонӣ» ҳам аз ҳамин ҷо баромадааст, то одамон бо ҳам якмаром бошанд. Забондониву забономӯзӣ он вақт самараи нек медиҳад, ки шахс забони модариашро беҳтару хубтар донад. Забони модарӣ ё худ давлатӣ ҳамон забонест, ки барои тамоми мардуми кишварамон фаҳмову маълум бошад. Забони модарии мо он забонест, ки бо он китобҳо менависанду воситаҳои ахбори умум иттилоъ медиҳанд.
 

Забономӯзӣ он вақт ба кас муяссар мешавад, ки дар дил меҳру муҳаббат нисбат ба забони модарии хеш дошта бошад. Роҳҳои омӯхтани забон гуногун буда, воситаҳои беҳтарин ин шунидану хондани он аст. Шунидану хондан ба кас аз  ҳамаи дигар воситаҳои забономӯзӣ беҳтару қулайтар аст. Агар шахс ҳар калимаеро, ки мешунавад ё худ онро менависад, бихонад ва тарзи дурусти талаффуз кардану навиштанашро аниқ кунад, ӯ дар ин роҳ пешдастӣ меёбад. Инчунин, ҳар шахсро мебояд, ки ба ҳар калимаи шунидааш ё хондааш бо диққат зеҳн монад, то маъною саҳеҳии онро муқаррар намояд.
 

Ҳоло дар матбуоти тоҷик баъзе қаламкашон мувофиқи завқу фаҳмиши худ менависанду «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июн  соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, риоя намекунанд. Бинобар ин моро лозим аст, ки пайи «навоварон» нарафта, аз рӯи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» амал намоем.
 

Бисёр мехостам, ки шаҳрвандони кишварамон барои покизагии забони модарии хеш ҷидду ҷаҳд намоянд, то сатҳи забондониашонро боло бардоранд. Аз рӯи ин масъала борҳо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қабул шуда бошад ҳам, то ҳанӯз дар гуфтору кирдори мардум тағйироти ҷиддиеро намебинем.
 

Ёд дорам, ки соли 1992 духтараки ҳоландие бо номи Габриела ба Тоҷикистон омада, мафтуну ошиқи забони форсӣ будани худро аз тариқи телевизион ба мо нишон дод. Афсӯс мехӯрам, ки бегонагон муштоқи забони форсианду мо – ворисон ба ин масъала беаҳамияти нишон медиҳем.
 

Ҳамин гуна муносибати сард бо забони модарӣ мардумро аз хондани рӯзномаю китоб дур кардааст. Хонандаи мактаб ба ҷуз дар мактаб бояд ӯ дар оила аз падару модари худ забонро бештар омӯзад. Агар волидайни мактаббача худ забонгумкарда бошад, ҳоли фарзандони ӯ чӣ гуна мешуда бошад? Ин масъаларо сатҳию рӯякӣ пиндоштан нашояд. Рӯзе мерасад, ки зарурату муҳим будани ин масъаларо ҳар як шахс хуб дарк мекунад. Хонандаи мактаб агар забондону захираи луғавиаш ғанӣ набошад, дар хондану фаҳмидани китоби дарсиаш оҷизӣ мекашад. Ӯ дарси хондаашро пурра намефаҳмад ва дар ҷавоб додани супоришҳои устодонаш танбалӣ мекунад. Бинобар омӯхтани забон ба ҳамаи мо воҷиб аст. Ояндаи ҳар як мамлакат ба шогирдони босаводи мактабаш вобаста аст.
 

Хуб мебуд, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия барои омӯзишу густариши забони давлатӣ шахсеро масъул мекарданд то назорат дар самти татбиқи Қонуни забон тақвият меёфт.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
«Ҳамрози халқ»