ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Мусоҳибаи мухбири  нашрияи «Ҳамрози халқ» бо Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар арафаи таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

►   - Оё метавонем бигӯем, ки ҲХДТ меваи Истиқлолият аст?

- Дар ҳақиқат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби зодаи Истиқлолият ба ҳисоб рафта, таъсис додани ин неруи сиёсӣ, ки ҳадафи он фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат буд, ҳанӯз дар ибтидои соли 1993 аз ҷониби Роҳбари давлат пешниҳод шуда буд. Ҳамин тавр, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи тадорукотӣ корҳои аввалинро оғоз намуда, баъди омӯзиши як қатор ҳизбҳои сиёсии кишварҳои пешрафтаи олам, ба хулосае омаданд, ки ҳизби зодаи даврони Истиқлоли Тоҷикистон бояд аҳамияти халқиву демократӣ дошта бошад. Зеро ҳадафи ягона аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани неруҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатсозиву давлатдорӣ ва бо ҳамин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд.
 

Ҳақ ба ҷониби Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».

►   - Нақши ҲХДТ-ро дар рушду пешрафти  даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии қавӣ дорад. Давоми 29 сол он ба як неруи бузурги мустаҳкаму фарогире табдил ёфта, ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири назаррас мегузорад. Ин неруи бузурги сиёсӣ, дар ноил гардидан ба дастоварду комёбиҳои солҳои Истиқлолият саҳми арзанда гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандаи худ миёни халқ беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст.
 

ҲХДТ дар давоми солҳои фаъолияти худ бо дифоъ аз манфиатҳои Ватану миллат дар байни мардум маҳбубияти беандоза касб менамояд. ҲХДТ дар раванди таъмини сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии марзу бум, ба эътидол овардани авзои сиёсӣ чун як неруи созанда ҳамаҷониба мусоидат намуд.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри ба ҳам овардани қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону занон ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ, саҳми муносиб гузошт. Аз доираи ҳимояи манфиатҳо ва умуман фаъолияти ҲХДТ ҳеҷ як табақаҳои ҷомеа берун намондааст.
 

ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо дигар ҳизбҳои сиёсии дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият дошта, дар масири бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустию варзиш, фарҳангу иқтисодиёт иқдомҳои ояндасозро амалӣ менамоянд. Вакилони халқе, ки номзадиашон аз ҷониби ҲХДТ пешниҳод ва интихоб гардидаанд, пайваста бо интихобкунандагони худ  суҳбату вохӯриҳо доир намуда, мушкилоти онҳоро ба сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он тариқи дархост расонида, то ҳал гардидани онҳо назорат ва мусоидат менамоянд.  Хулоса, аъзои ҲХДТ дар соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқи вилояти Хатлон ва кишварамон фаъолияти созанда ва назаррасро касб намуда, намунаи ибрати дигарон мебошанд.

►   - Ба фикри Шумо кадом сабабу омилҳо боис гардиданд, ки ҲХДТ миёни ҳизбҳои дигари ҷомеа маҳбубият ва нуфузи бештарро соҳиб гардид?

- Ба назари ман, сиёсатмадори шинохта, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳбубияту самимияти ӯ дар байни мардуми кишвар, қабл аз ҳама нақши асосиро дар ин ҷода мебозад. Ҳамзамон, таъмини иҷрои барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ, ташаббусу эҷодкориҳои аъзои фаъоли ҳизб, ки ба корҳои созанда машғул ҳастанд, инчунин, дар байни мардум будану аз аҳволу мушкилоти ҳалталаби онҳо бархӯрдор гардидан ва талош варзидан ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо сабабҳои асосии баланд шудани нуфузу эътибор ва маҳбубияти ҲХДТ дар ҷомеа мебошад.
 

Дар сар то сари вилояти Хатлон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ кормандони масъул ва фаъолони ҳизбӣ тасмим гирифта буданд, ки дар баробари таъсиси кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо, инчунин дар ҳудуди тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шӯрои маҳаллаҳо ва солҳои охир дар байни кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ-ро таъсис дода, миёни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, дар баробари дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизбро низ амалӣ созанд. Фикр мекунам давра ба давра ба ин ҳадафҳо расида истодаем ва пӯшида нест, ки каме масъалаҳои ҳалталаб дар самти таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мушоҳида мешавад, ки он ҳам марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодааст.
 

Баъдан, ҳангоми баргузории интихоботҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  ҲХДТ номзадҳои арзандаро, аз ҳисоби  олимону шоирони варзида, сиёсатмадорону арбобони давлатию сиёсӣ, кишоварзони асил, саноатчиёни ташаббускору соҳибкорони муваффақ, инчунин шахсони обрӯманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони соҳибтаҷрибаро ба ҳайси номзад ба вакилӣ пешниҳод намуда, ҷонибдорони хешро зиёд менамоем. Яъне, сатҳи касбии вакилони интихобгардидаи ҲХДТ хеле баланд ва қобили дастгирии интихобкунандагон имкон медиҳад, ки дар маъракаҳои интихоботӣ аз дигар аҳзоби сиёсӣ дида пирӯзии бештар ба даст биёварем.

► - Робитаҳои ҲХДТ бо дигар ҳизбҳои сиёсии дохилию хориҷӣ дар кадом сатҳ меистад?

- ҲХДТ бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар, ки дар доираи қонун фаъолият намуда, ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошанду майлу рағбати ҳамкорӣ доранд, робита барқарор карда метавонад. Алҳол, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо сохторҳои вилоятии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон  ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҳамкориҳоро баҳри рушди иқтисодиёти вилоят ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа дар шакли баргузорнамоии чорабиниҳои муштарак анҷом дода истодааст.  
 

Дар бораи робитаҳои ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии хориҷӣ мехоҳам қайд намоям, ки дар Анҷуманҳои ҲХДТ ҳайати меҳмонони хориҷӣ бо намояндагӣ аз ҳизбҳои сиёсии бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой,  Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон ширкат карда буданд. Бо дарназардошти он, ки ҳамарӯза ҲХДТ рушд ёфта, нуфузи зиёдро дар Тоҷикистон ба даст оварда истодааст, ҳизбҳои сиёсии кишвар ва давлатҳои бо мо дӯсту ҳамфикр хоҳиши ҳамкориҳои мутақобилан судманди байналмилалиро бо ҲХДТ дошта, мунтазам сафарҳои корӣ анҷом дода истодаанд. Омӯзиши технологияҳои нави пешбурди фаъ-олияти сиёсӣ, алалхусус дар мавриди ташкили интихоботҳои шаффофу фарогири тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳҳои ба даст овардани боварии бештари интихобкунандагон ва шиносоӣ аз рафти баргузории чунин интихоботҳо, ки яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ барои ҳар як ҳизби сиёсӣ ба шумор меравад, масъалаҳои асосии ҳамкории ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии дигар кишварҳо мебошад.

► - Хуб мешуд дар мавриди таваҷҷуҳи ҲХДТ  нисбат ба ҷавонон ибрози андеша менамудед?

- Ҷомеа ва ё ҳизби сиёсие, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, оянда надорад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва эҳтиром аз ҳувияти миллию ифтихор аз Истиқлоли давлатии кишвар аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҲХДТ мебошад. Бояд қайд намуд, ки шумораи ҷавонон дар сафҳои ҲХДТ зиёда аз 40%-ро ташкил дода, мо мақсади пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳаракату ҳизбҳои ғайриқонунӣ баргузории силсила чорабиниҳои гуногунро ба нақша гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо саъю кӯшиш карда истодаем.
 

Маврид ба ёдоварист, ки ҳанӯз, 20 апрели соли 2011  Маҷлиси махсуси КИМ ҲХДТ маҳз ба масъалаи ҷавонон бахшида шуда буд, ки дар он мавзуҳои муҳимми вобаста ба ҳаёти ҷавонон баррасӣ гардид. Дар маҷлиси мазкур Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, тамоми вазифаҳои муҳимро дар назди КИМ ҲХДТ, ташкилотҳои ҳизбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои кишвар мушаххасан гузоштанд. Дар воқеъ ҳам, таъкидҳои Сарвари муаззами ҳизб дар маҷлиси мазкур хеле саривақтӣ буданд, ки фикр мекунам бо ёдрас намудани як қисми хурди он ба саволи худ ҷавоби пурра хоҳед гирифт: «Ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии миллӣ ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошанд».
 

Раиси муаззами  ҳизб дар суханронии хеш пешниҳод намуда буданд, ки дар назди ҲХДТ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шавад. Ин ташкилот давоми ҳамон сол таъсис ёфта, доираи васеи ҷавононеро, ки Оинномаву Барномаи ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ мекунанд, ба фаъолияти хеш ҷалб намуда, ҳадафу ормонҳои ҳизбро миёни ҷавонон таблиғ мекунад, дар ҳалли масоили ҳалталаби ҷавонон, тарбияи меҳнатӣ, сиёсию маънавии онҳо ва ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа ҳисса мегузоранд. Имрӯз дар сатҳи вилояти Хатлон ва тамоми шаҳру ноҳияҳои он Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” фаъолияти густурда дошта, инчунин дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он шуъбаҳои кор бо ҷавон дар сохтори воҳидии онҳо ташкил ёфтааст, ки дар онҳо ҷавонони ҷасуру донишманд фаъолият бинмуда истодаанд.

►   - Нақшаҳои Шумо ҳамчун Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар оянда аз чӣ иборат аст?  

- Бояд қайд намоям, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти хешро дар асоси нақшаҳои кории солона ба роҳ монда, аз пайи иҷрои онҳо хоҳанд буд. Иловатан, мо нақша-чорабиниҳои махсуси ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлонро барои амалӣ сохтани қарорҳои Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ оид ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои муайяннамудаи гурӯҳи кории омӯзишии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, ки моҳи майи соли ҷорӣ фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон ва нуҳ  кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоятро санҷида буданд, таҳия намуда, мавриди иҷроиш қарор додаем.
 

Ҳамзамон, ба таври мунтазам ҷаласаҳои Ситоди вилоятии «Обуна-2024»-ро баргузор намуда, тасмим дорем, ки соли ҷорӣ низ чун ҳамасола нақшаи муайянгардидаи обунашавӣ ба нашрияи ҳизбии Марказии ҲХДТ – “Минбари халқ”-ро бо теъдоди 39000 нусха ва ба нашрияи вилоятии ҲХДТ- “Ҳамрози халқ” бо теъдоди 21300 нусхаро бо сарбаландӣ иҷро намоем. То баргузории чорабиниҳои асосии ҷашнвораи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои ба шумор мондааст ва ният дорем, ки дар ин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ иштироки фаъолонаи аъзои ҲХДТ-ро таъмин намуда, саҳми муносиби хешро гузорем.
 

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Конференсия дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ - бузургтарин ва муқаддастарин неъмат” дар сатҳи баланд доир гардида, дар ҷамъбасти конференсияи мазкур як қатор фаъолони ҳизб, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.

►-Чун суҳбати мо дар арафаи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, таманнои Шумо ба  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва меҳмонони ин ҷашнвораи бузург?

- Дар охир, бо истифода аз имконоти мувофиқ, мехоҳам аз номи худ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тамоми аъзои ҲХДТ, сокинону меҳмонони вилоят ва хонандагони азизи нашрияи «Ҳамрози халқ»-ро бо фарорасии ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом ва комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигзор, дар осмони софи кишварамон парчами Истиқлолият ҳамеша парафшон бошад!

Ҷамолиддин Сайфиддин
 “Ҳамрози халқ”