АЗ ПАЁМҲОИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.

****
Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
****
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ зербинои муосири коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро гузошта, низоми ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардонид.
****
Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.
****
Ҳукумати мамлакат тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо бо ҳамин роҳ ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардидем.
****
Мо - фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем.

Таҳияи З. Икромзода