САНГФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 32-солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Тибқи дастуру супоришҳои раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияро сангфарш намоянд. Раиси маҳаллаи деҳаи Шобика зимни сӯҳбат қайд намуд, ки чунонки медонед, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ҳамин таваҷҷуҳ боис гардид, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонида шуд. Мо низ тасмим гирифтем баҳри ободиву шукуфоии деҳаи худ саҳми хешро гузорем ва бо ин мақсад сангфарш намудани роҳҳои деҳаамонро бо сокинони меҳнатдӯст оғоз намудем.