АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАЗДИКОНИ ХУДРО ҲИМОЯ НАМОЕД!»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Наздикони худро ҳимоя намоед!”  баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” кулли сокинони ноҳияи Муъминободро барои таҳия ва паҳн кардани маводҳои марбуд ба ташкилотҳои террористи-экстремистӣ  шинос намуданд.

Вобаста ба тарзи дурусти истифодабарии интернет аз  ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир шабакаи интернет қисмати ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб мегардад. Интернет барои инсон имконияти беохир фароҳам орад, ҳам боз паҳлуҳои зиёди хатарноки худро, аз ҷумла алоқамандӣ бо терроризму экстремизм дорост.