АКСИЯИ “АЁДАТИ САРБОЗ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба ҷашнвораҳои муқаддаси сол, аз ҷумла 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Қисми низомии 87740, аксияи “Аёдати сарбоз” гузаронида шуд, ки ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳои миллию давлатӣ бо афсарону сарбозон вохӯриҳо ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз чунин баргузории чорабиниҳо баланд бардоштани руҳияи сарбозон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан –Модар, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.