АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар баробари рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми ҷавонони мамлакат бениҳоят калон арзёбӣ мегардад.

Аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия дар ҳамоҳангии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар ташкил ва баргузории аксияҳои ҳизбӣ иштироки фаъолона доранд.

Дар таърихи 2-юми сентябри соли равон аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан” дар якҷоягии хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №8-и ноҳия бо мақсади амалӣ намудани дастуру супориши мақомоти болоии ҳизбӣ, аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии маҳал- вазифаи мо ҷавонон!”-ро ташкил ва баргузор намуд. Ҷавонон гирду атрофи муассисаи болозикрро аз хасу хошок ва алафҳои бегона поккорӣ намуда, саҳми хешро дар тозагии диёр расониданд.

                  

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксияи ҳизбӣ: