ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД АКСИЯИ ТОЗАГИИ СОҲИЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 29-августи соли 2023 №1/2-27 оид ба баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил - вазифаи мо, ҷавонон” санаи 2- сентябри соли ҷорӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи Муъминобод  Аксияи мазкур доир карда шуд.

     Мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин тозагии муҳити зист аз ҳаргуна партовҳои маишӣ, пешгирии бемориҳои сирояти ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим тозаю озода нигоҳдоштани соҳили дарёҳо мебошад.