ТОЗАГИ ГАРАВИ САЛОИАТӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Корҳои ободонӣ дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

            Бо мақсади саҳм гузоштан дар тозагӣ ва зебогии муҳити зист ва бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву зебогардонӣ дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик роҳандозӣ шуд.

            2.09.2023 аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил-вазифаи мо Ҷавонон”-ро дар канори роҳҳо ҷуйборҳои ноҳияро бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо соҳаи тандурустӣ, сокинони меҳнатдӯсту меҳанпараст тозаю озода гардонида шуд. Шумораи зиёди сокинон баҳри ободиву зебогии деҳа канори роҳҳоро рӯбучин намуда, аз партову хасу хошок, алафҳои бегона тоза намуданд ва бехҳои дарахтонро нарм намуда, аз хору ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза намуданд ва бо ин васила саҳми хешро дар ободии як гӯшаи диёри хеш гузоштанд.

            Бояд қайд намоем, ки дар ташаббуси баргузоргардида масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик низ иштирок намуда, саҳми муносиби хешро дар ин кори хайр гузоштанд.