КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоёну ҷонибдорони ҳизб бо мақсади ободу зебо гардонидани деҳаҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозагии ҳифзи муҳити зист ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд.

Бо ин мақсад санаи 2 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён, ҳудуди шоҳроҳи Хуросон Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҳашари дастаҷамъона бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариён Қурбонзода Абдуҷаббор, тамоми омӯзгорони муассисаҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариён, кормандони соҳаи тандурустии ҷамоат ва дигар ҷонибдорони ҳизбӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз роҳандозии шанбегӣ ин тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофи корхонаву коргоҳҳо буда, дар рафти шанбегӣ гирду атроф аз алафҳои бегона тоза карда шуда, бехи гулу гулбутаҳо ва партовҳо бароварда шуданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб саҳми беандозаи худро пайваста дар ободу зебо намудани маҳали худ мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории ҳашари дастаҷамъона ба муносибати таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ, ки ба ин муносибат “30 ҳафтаи пурсамар” эълон гардидааст, баргузор гардида, корҳои ободонӣ дар самти амалҳои тозагиву бунёдкорона бо маром идома дорад.