Муассиса бо ҷиҳозҳои замонавӣ таҷҳизонида шуд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар марҳилаи нави рушди давлатдори миллӣ ҲХДТ ҳамчун як ниҳоди сисёсии ҷомеа фаъолони ҳизб, соҳибкорону саховатмандон ва табақаҳои мухталифи ҷомеаро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб намуда, раванди созандагиро вусъати тоза мебахшад. Дар ин самт дар доираи татбиқи корҳои хайру сахо ва ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва такмил додани инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоӣ мунтазам корҳои хайр сомон дода мешаванд. Дар ин самт аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпешаи ноҳия Муассисаи таълимии №64 бо таҷҳизотҳо аз қабили мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ таҷҳизонида шуд. Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ омӯзгорони муассисаи номбурда бо Рӯзи дониш табрик намуда, аз таҷҳизотҳо боздид ба амал оварданд ва иброз дошанд, ки хуб истифода намудан ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани лавозимотҳо масъулият ҳамешагиро талаб менамояд.