ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МТМУ №69

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Восеъ низ дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳми босазои худро гузошта истода, бахшида ба истиқболи 32- солагии Истиқлолияти давлатӣ иншоотҳои таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор доранд. Дар ин навбат дар МТМУ №69-ноҳияи Восеъ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Омӯзгорони муассисаи номбурда бахшида ба Рӯзи дониш дастаҷамъона синфхонаҳо ва деворҳои муассисро рангу бор намуда, саҳн ва боғи муассисаро аз алафҳои хушкшудаву хасу хошок тоза намуда истодаанд.