ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як фарди худшиносу меҳандӯст дар ободиву хуррамӣ ва сарсабзии диёр саҳм гузошта, ободии диёрро мароми ҳамешагии хеш мепиндоранд.

Аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикситон дар ноҳияи Балҷувон, ҳамчун пайравони асили мактаби созандаи Пешвои муаззами миллат дар ободониву сарсабзии диёр саҳм гузошта, имрӯзу фардои хешро зери ливои бунёдкориву хуррамӣ рангоранг месозанд, то ин ки насли оянда низ ин рисолати неку накуро идома диҳанд.