ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ИФТИХОРИ МАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ ифтихори ман” дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба як қатор омӯзгорони ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон масъулини Кумита ба омӯзгоронзимни шаҳодатномасупорӣ ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд.