Корҳои ободонӣ ба истиқболи соли нави хониш

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар тозагиву ободии як гӯшаи диёри хеш ва бахшида ба муносибати 1-уми сентябр Рӯзи дониш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва омӯзгорон дохил ва атрофи муассисаи номбурда таъмир ва  тозаву озода гардонида шуд. Муассиса барои соли нави хониш омода буда, хонандагонро дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити хуби таълим истиқбол мегиранд. Ҳамзамон бо кӯмаки омӯзгорону шахсони меҳнатдӯст гирду атрофи муассиса  рӯбучин гардида, бехи дарахтон нарм ва аз  алафҳои бегона тоза гардид.