Ҷараёни корҳои ободонӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар доираи корҳои созандагию ободонӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ, аз ҷониби шахсони меҳандӯсту меҳнатдӯст корҳои ободонӣ бо маром идома доранд. Бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр ва бахшида ба 1-уми сентябр Рӯзи дониш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ корҳои ободонӣ баргузор гардид.Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи таълимии мазкур корҳои ободони доимо идома ёфта, баҳри зебогиву ободии муассиса саҳми муносиб гузошта мешавад.