Баргузории ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва дохили оромгоҳҳо якшанбеи охири ҳар моҳ, ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор мегардад.

Чунин иқдом санаи 27.08.2023, дар оромгоҳи деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Г.Гулмурод баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор, Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ, Исмоилов Исматулло, раиси Кумитаи маҳалаи деҳаи Тоҷикобод ва дигар сокинону аъзоёни ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҳашар дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои бегона тоза карда дарахтони атрофи оромгоҳро обёрӣ намуданд.
Дар анҷоми кор имомхатиби деҳа дар ҳаққи гузаштагони ин макон дуои хайр намуда ба иштирокдорон таъкид карданд, ки фарзандону ҷавононро дар роҳи хештаншиносӣ, созандагию бунёкорӣ тарбия намудан масъул бошанд.