Захираи маҳсулот барои давраи зимистон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон сокинони ноҳияи Восеъ бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Агар чанде номгӯи маҳсулотро бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба таври тару тоза захира намоянд, усули дигари маъмул ин консервакунонӣ, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хуришу мураббо мебошад.Дар мавсими ҳосилғундорӣ сокинони ноҳияи Восеъ сабзавоту мевагиро ба миқдори зарурӣ консерва намуда, дар фасли зимистон аз он истифода мебаранд. Имсол низ сокинони ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия бо истифода аз шароити мусоид дар ҳар як хона аз помидору бодиринг, карам, мевагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ хуришҳои гуногун, мураббо, консерваҳо ва шарбату афшура омода карда истодаанд. Бояд гуфт, ки зимни омода намудани консерваҳо қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъӣ риоя гардида, занону духтарони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба амал менамоянд. Дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ занон маҳсулотҳои тару тозаи замини наздиҳавлигии худ истифода намуда, барои захираи зимистон консерваҳои гуногун омода намуданд