Таъмиру азнавсозии кӯдакистонҳо ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайрави ба сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина Кӯдакистони №4-и ноҳияи Восеъ пурра таъмир гардида, рангу бори қисмати берунии боғча гузаронида шуд. Инчунин кӯдакистон бо шароити хуби таълимӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардидаааст. Зимни боздид аз кӯдакистони номбурда масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қайд намуданд, ки кӯдакон ояндаи давлату миллатанд, пас ҳар яки моро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи онҳо ва дар муҳайё намудани шароитҳои хуб ба онҳо саҳми худро гузорем.