ТАЪМИРИ РОҲҲОИ ОБГУЗАР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИЛДУХТАРОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист  ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-уми солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Сокинони   “Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод роҳои обгузарро таъмир  намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза намудани маҳали зисти худ гузоштанд.