ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МТМУ №4-и НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад, аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ аз навсозии ва рангу бор намуда, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври назаррас рушд кард.

          Имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо мақсади аз наздик шинос шудан аз рафти таъмири муассисаҳои таълимӣ сафари корӣ анҷом доданд.

         Зимни сафари корӣ масъулин, аз муассисаҳои таълими №4-и Ҷамоати деҳоти С.Раҳимов дидан намуда барои анҷоми корҳо дар ин самт аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои судманд дода шуд.