МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ “ОСМОНБИКА”

Восеъ: Ҳисобот  

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  ноҳия Неъматзода Фарзона ва мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Шодибеги Идӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Осмонбика-МТМУ №23»-и ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд. Саравал дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуда, қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии «Осмонбика-МТМУ №23» дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҲХДТ, шахсони саховатманд ва хайрхоҳи ташкилот муассисаи мазкур таъмир гардида, корҳои ободониву созандагӣ пайваста роҳандозӣ мегардад. Инчунин зикр гардид, ки аъзоёни ташкилот доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Дар охир ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуда, қарорҳои лозима қабул гардид.