МУҲИТИ АТРОФРО ТОЗА НИГАҲ МЕДОРЕМ!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зарур аст, ки мо бояд ба масъалаи тоза нигаҳ доштани муҳити зист  аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Зеро вазъи имрӯзаи ноустувори экологии ҷаҳон,  гармшавии  иқлим, партофи барзиёди партовҳои газҳои гулхонаӣ ва дигар омилҳое,ки ба мувозинати экологӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ҳар яки моро ба он водор менамояд,ки нисбати ин масъала, аз ҷумла тозаву озода нигаҳ доштани муҳити атроф, хонаҳои худ ва ҷойҳои корӣ  бе тараф набошем.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ ва муҳити зист, сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи донишу 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ пайваста дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳ монда мешаванд.

Кормандону омӯзгорони мактаби №1-и ноҳия дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо бобати сазовор истиқбол намудан аз Рӯзи дониш ва Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Муҳити атрофро тоза нигаҳ медорем!”, корҳои ободониро вусъат бахшида, гирду атрофи муассисаро бо гулу буттаҳои ороишӣ оро дода истодаанд. Заҳмати онҳо дар як навбат агар ба зебогии муассиса шукуҳу шаҳомати хоса зам кунад, тарафи дигар ба уствории нигоҳ доштани вазъи  экологӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

 

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксияи ҳизбӣ: