ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

«Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Зеро ояндаи ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол чун анъана дар тамоми макотиби оливу мутавасситаи ҷумҳурӣ 1-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи дониш ботантана ҷашн мегиранд. Имсол низ омӯзгорону шогирдони мактабҳои миёнаву олии вилояти Хатлон ин рӯзро бесаброна интизор ҳастанд. Субҳи ин рӯз волидайн ҳамроҳи фарзандони худ дар тан либосҳои наву идона, дар даст гулдастаҳо сӯи дабистон мешитобанд. Дилҳои хурду бузург лаб-рези шодиву фараҳ аст, ки боз барои тифлон айёми донишомӯзӣ фаро расид.
Хусусан хурсандии кӯ-даконе, ки бори аввал ба саҳни мактаб қадам мегузоранд, бениҳоят зиёд аст. Шоире ин лаҳзаҳоро хеле хуб эҳсос карда, нигоштааст:

Эй булбулакони боғи
                   дониш,
Шодона таронаҳо
               муборак!
Боз омадааст фасли
                   хониш,
Таҳсили нави шумо
               муборак!

Дар ҳақиқат мактаб маконест, ки ҳар шахс аввал дар он ҷо сабақи ибтидоӣ гирифта, сипас ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт раҳсипор мегардад. Аз коргари оддиву деҳқони хокпош сар карда, то профессору академикҳо ҳама аввалан сабақи устодони мактабиро гирифтаанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният зарурати таҳсил кардани атфолро дар мактаб хуб ҳис намуда, ба омӯзиши онҳо аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Хусусан, дар замони ҳукмронии сулолаи Сосониён  илму  донишомӯзӣ  дар  нав-
бати аввал меистод ва ҳеҷ чизеро шарифтар аз ҳикмат намедонистанд ва мо инро дар ҳикояте аз китоби «Калила ва Димна» нек мушоҳида мекунем, ки омадааст:

 

«Ҳукмрони сулолаи Сосониён Хусрави Анӯшервон (531–579) шунидааст, ки дар кӯҳҳои Ҳинд гиёҳе мерӯидааст, агар кас онро ба мурда диҳад, зинда мешудааст. Анӯшервон Барзуя ном ҳакими худро ба Ҳинд мефиристад, то он гиёҳро ба даст орад. Барзуя ба Ҳиндустон меравад ва ҳарчанд ҷустуҷӯй мекунад, аммо аз ин гиёҳ асаре пайдо намешавад. Аз донишмандони куҳансоли Ҳинд сирри ин «гиёҳи ҷонбахш»-ро мефаҳмад: гиёҳи ҷонбахш китоби «Калила ва Димна» будааст, ки онро донишмандони Ҳинд таълиф намудаанд. Суханони хирадмандона ва пандомӯзи ин китоб нодону бедонишонро, ки чун мурдаанд, донову бино мекардааст. Барзуя ин асарро пайдо мекунад ва нусхае аз он бардошта ба Эрон назди Анӯшервон меорад» («Калила ва Димна», саҳ. 6).
 

Дар замони ҳукмронии Сомониён низ ин суннат побарҷой будааст ва амирони он замон ба тарбияву тадриси фарзандони худ кӯшиши зиёде намудаанд. Барои он, ки суханам бедалел набошад, ҳоло ҳикоятеро аз рӯзгори онон меоварам, то хонанда худ қазоват кунад, ки ашрофзодагонро чӣ гуна таълим медодаанд: «Овардаанд, ки амир Аҳмади Сомониро муаллиме буд, ки дар он вақт ки хурд буд, вайро таълим кардӣ ва чӯби бисёр задӣ. Ва амир гуфтӣ, ки: «Ҳар гоҳ, ки ман ба султонӣ расам, сазои вай бикунам…».
 

Шабе тафаккури айёми гузашта мекард, муаллимаш ёд омад, ҳама шаб дар андешаи интиқоми ӯ буд. Ходимро бифармуд, ки аз бӯстон даҳ чӯби обӣ (биҳӣ) биёрад ва якеро гуфт:
- Муаллимро ҳозир кун!
Ходим рафт, то муаллимро ҳозир гардонад.
Муаллим пурсид:
- Султон чӣ мекард, ки маро ёд кард?
Гуфт:
- Ғуломеро фармуд, ки биравад аз бӯстон даҳ чӯби обӣ биёварад ва маро гуфт, ки муаллимро ҳозир кун. Ӯро маълум шуд, ки дар банди интиқоми вай аст, дар роҳ, ки меомад ба дари дӯкони мевафурӯше расид ва аз вай обии (биҳӣ) хуб харид ва дар остин кард.
Чун пеши Наср омад, амир чӯбе баргирифт ва гуфт:
-Дар ин чӣ гӯӣ?
Гуфт:
- Саҳл аст.
Даст дар остин кард ва он мева берун оварду гуфт:
-Зиндагии подшоҳ дароз бод, калимае дорам.
Гуфт:
- Бигӯй!
Гуфт:
- Ин мева бад-ин латифӣ (мебинӣ), зодаи он чӯб аст.
Султон чун ин бишнид, бағоят биписандид ва расми маоши вай то зинда буд, муайян гардонид. Баъд аз он зиндагонӣ ба фароғат гузаронид» («Дурдонаҳои наср», ҷилди 2, саҳ. 486 - 487).
Муаллифи китоби «Қобус-нома» Унсурулмаолии Кайковус (а. ХI), ки худ адиби фозилу донишманди замони худ буд, дар боби «Андар парваридани фарзанд» чунин нигоштааст:
«Бидон, эй азизи ман, ки агар Худо туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст. Дуввум он, ки ба доягони меҳрубон супор ва ба вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодӣ кун…
Пас бояд, ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва натавон донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан» («Қобуснома», саҳ. 85 –86).
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Сад-риддин Айнӣ, ки худ дар мактабҳои тоинқилобӣ хонда, хатту савод гирифта буд, соли 1910 барои шогирдони мактабҳои ҷадид китоби дарсие бо номи «Таҳзиб-ус-сибён» навишт, ки дар хатту саводомӯзии ояндагон аҳамияти беандоза зиёд касб кард. Устод дар китобашон дар шаъну бузургии мактаб чунин овардааст:

Мактаб ба ту ёд медиҳад
            илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад
            ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи
        мактаб гӯям:
Одам нашавад касе,
           магар аз мактаб.

Ҳукумати мамлакат ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бештар ба мактабу маориф рӯ оварда, сол то сол моҳонаи омӯзгоронро баланд бардошта, ба компютеркунонии мактабҳо ва омӯзиши забони модариву забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ дода истодаанд. Ҷиддияти масъаларо пай бурда, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд кардаанд, ки: «агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастаҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем. Зеро ояндаи ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аз мактаб сарчашма мегирад».
Чанд сол боз оғози соли хонишро ба мавзуи «Дониш» мебахшанд, ки ин чиз дар зеҳни кӯдакон нақши муҳим мегузорад. Мақсади ба мактаб ҷалб кардани атфол ҳам омӯзонидани дониш аст.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
«Ҳамрози халқ»