МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ МАСЪУЛИЯТИ ДАСТАҶАМЪИСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Коррупсия аз зуҳуротии номатлубест, ки дар масири рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд монеъаҳои ҷиддӣ эҷод намуда, боварии мардумро ба шаффофияти фаъолиятҳои соҳаву сохторҳои давлатӣ коста намуда, боиси коҳиш ёфтани нуфузу эътибори он дар ҷомеа мегардад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Роҳбарияти олии кишвар якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ҷиҳати мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем ҳанӯз дар соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани  мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва  коррупсия» ба тасвиб расид, ки дар асоси он самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян гардиданд.
 

Ҳамчунин, соли 2007 ниҳоди махсусгардонидашудаи зидди ин зуҳуроти номатлуб Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, то имрӯз ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, муайян ва барқарор намудани маблағҳои ғайриқонунӣ тасарруфшудаи буҷетӣ фаъолияти густурда дорад.   Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ риояи қонунҳои мавҷуда дар самти пешгирӣ аз амалҳои корруппсионӣ, ки омили боло рафтани нуфузу эътибори ҷомеаву давлат ва соҳаву сохтори фаъолияти инсон мегардад, аз тарафи кормандони Раёсати Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруппсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Хатлон, пайваста миёни кормандон ва масъулони идораву ташкилотҳои ҳудуди вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.
 

Дар воқеъ, дар замони муосир яке аз самтҳои асосии фаъолияти коллективҳои ҷамъиятӣ ва ҳар фарди худогоҳ ин мубориза бо коррупсия мебошад. Зеро, пӯшида нест, ки имрӯз баъзе шаҳрвандони мо оид ба падидаи номатлуби коррупсия ва оқибати реша давондани он дар ҷомеа ба чӣ оварда мерасонад, маълумоти кофӣ надоранд. Истилоҳи «коррупсия» аз вожаи лотинӣ «corruptio», гирифта шуда, ба маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Аз ҷумла, дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад.  Дар санадҳои Соз-мони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сӯистифода аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст.
 

Дар қонунгузории Ҷум-ҳурии Тоҷикистон бошад оид ба мафҳуми коррупсия чунин оварда шудааст: “Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда доданд, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
 

Омилҳои асосии густариши коррупсия дар ҷомеа аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он арзёбӣ мегардад.  Аз ин лиҳоз, дар баробари ба тасвиб расидани қонуну санадҳои муҳими меъёрӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо падидаи номатлуби коррупсия, ҳамчунин, давоми солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи давлатӣ оид ба муқовимат бо коррупсия қабул гардидааст, ки Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 аз зумраи ин санадҳои муҳим мебошад.
 

Дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гирифта бошанд. Дар  умум бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯистифода аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб амалӣ карда шаванд вагарна, коррупсия монеи рушду пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ гардида, боиси шиддат гирифтани мушкилиҳои иҷтимоӣ мегардад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъ-иятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
 

Дар воқеъ, амалҳои кор-рупсионӣ низоми муътадили фаъолиятҳои ҷамъиятиро халалдор намуда, боиси пайдо шудани мушкилиҳои гуногун дар ҷомеа мегардад. Зеро маҳз амалҳои коррупсионӣ сабаб мегарданд, ки маблағҳои мақсаднок аз тараққиёти иҷтимоӣ дур монда, буҷетро ба буҳрони молиявӣ оварда расонида, татбиқи барномаҳои давлатиро мушкил месозад.
 

Ба андешаи ҷомеашиносон оқибати пешгирӣ ва мубориза набурдан бо амалҳои коррупсионӣ ба он оварда мерасонад, ки дар афкори ҷомеа оид ба шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ андешаҳои манфӣ эҷод мекунад.
Пӯшида нест, ки дар зиёд кишварҳои олам маҳз аз асари ривоҷ ёфтани амалҳои коррупсионӣ боиси тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъ-иятӣ ба манфиати гурӯҳҳои хурд, шиддат гирифтани мушкилиҳои иҷтимоии аҳолӣ  нобаробарии иқтисодии аҳолӣ,
баланд шудани сатҳи камбизоатӣ оварда расонидааст. Хулоса, оқибати ногувори амалҳои коррупсионӣ ин аст, ки дар ҷомеа меъёрҳои солим аз байн рафта, ҷойи арзишҳои инсониро пул ва дороиву сарватҳои гуногун гирифта, мақоми инсон дар ҷомеа аз лиҳози сарвату дороӣ баҳо дода шуда, дар оқибат одобу ахлоқи ҷомеа коста мегардад ва ин ҳама мушкилиҳои иҷтимоиву маънавӣ ба коҳиш ёфтани фарҳанг ва таназзули дигар соҳаҳои ҷомеа оварда мерасонад.

 

Бинобар ин, дар доираи татбиқи барномаву стратегияҳои миллии мубориза бо коррупсия, ҳамзамон дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои гуногуни ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидааст. Дар ин росто, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат бо коррупсия, гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ, ташкили курсҳои таълимии зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа аз тадбирҳои муҳимест, ки дар ҳамкории зич бо Воситаҳои ахбори омма натиҷаҳои судманд ба бор меорад.
 

Дар доираи нақша- чорабиниҳо дар самти муборизаи беамон ба амалҳои коррупсионӣ ҷалби мутахассисони соҳавӣ, олимони ҳуқуқшинос, равоншиносону иқтисодчиён, сиёсатшиносон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир мебозад. Ҳамчунин, бо ҷалби мутахассисону коршиносон, адибон ва  аҳли фарҳангу дигар табақаҳои фаъоли ҷомеа   метавон асарҳои гуногуни театрӣ, барномаҳои гуногунжанри радио-телевизионӣ ва матлабҳои  чопӣ таҳия ва манзури ҷомеа намуда, дар мафкурасозии ҷомеа оид ба оқибатҳои зараровари коррупсия нақши пешоҳангӣ гузошт.
 

Хулоса, мубориза бо коррупсия танҳо вазифаву масъулияти мақомоти марбута набуда, балки аз ҳар яки мо сокинони кишвар тақозо дорад, ки дар пешгирӣ ва муқовимат бо ин падидаи номатлуб саҳми фаъол дошта бошем. Зеро баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба зиддӣ коррупсия мусоидкунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа ба мо имкон медиҳад, ки дар рушду пешрафти меҳан ва ташаккули зиндагии шоистаи худ ва ҳамватанонамон мусоидат намуда, дар раванди татбиқи ҳадафҳои бузурги бунёдкориву ояндасозиҳои дар кишварамон ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон  саҳми арзандаи худро гузорем.

Ҷамшед Ашӯрзода, ҳуқуқшиноси Сарраёсати хадамоти назорати

давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Хатлон