ИДОМАДИҲАНДАИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Абдулло Баротов, сокини 68-солаи ноҳияи Шаҳритус 29 сол аст, ки ҳунари кулолгариро дар худ ҳифз кардаасту ба дигарон меомӯзонад. Мегӯяд дар шароити хона ва бо асбоби қадимӣ таблаку кӯза ва армуғонҳои миллӣ месозад, ки бо ин минвол то ҳадде дар таъмини рӯзгори хонаводааш саҳм мегузорад.

Зимни таҳияи ин матлаб ба хонаи Абдулло Баротов, ки дар ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус ҷойгир аст, рафтем. Дар ҳавлии ин ҳунарманд таблаку кӯза ва армуғонҳои хурду бузургро мушоҳида кардем, ки барои хушк шудан онҳоро дар зери офтоб гузоштааст. Дар вақти суҳбат маълум шуд, ки ҳунари кулолгарӣ аз бобояш ба ӯ мерос мондааст. Аз соли 1993 то инҷониб ин ҳунари қадимии миллати тоҷикро идома дода, маҳсулоташ тариқи сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон расидаанд.

«Ман касби бобо ва ҳунари миллиро то ба имрӯз ҳифз карда, аз ҳисоби он 3 фарзандамро бузург кардам. Ҳарчанд дар як ноҳияи дур аз маркази вилояти Хатлон зиндагӣ мекунам, вале маҳсулотам харидор дорад. Армуғонҳои сохтаам марзҳоро убур кардаанд. Синнам ба нафақа расида бошад ҳам, аммо тавони кор дорам ва дар ғанӣ гардонидани иқтисодиёти хонаводаам саҳм мегузорам»,- мегӯяд ҳунарманд.

ТАРЗИ СОХТАНИ ТАБЛАКУ КӮЗА ВА АРМУҒОНҲО

Абдулло Баротов, соли 2000-ум барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва даромади хуби молӣ ба Федератсияи Русия муҳоҷир шуд. Давоми як сол дар шаҳри Монгитагорскийи Федератсияи Русия сохтмончӣ шуда, кор кард. Вале мушкилиҳои мисли даводави ҳуҷҷатгузорӣ ва шароити буду бош боиси бозгашт ба Ватан ва идома додани касби бобоияш гардид.
 

Ҳамасола кори кулолгарӣ аз охирҳои моҳи май шуруъ шуда, то охирҳои моҳи август идома меёбад. Барои сохтани таблаку гулдон ва армуғонҳо хоки махсус лозим аст, ки амаки Абдулло онро аз ҳар гӯшаву канори ҳудуди ноҳия ҷустуҷӯ карда, ба хона меорад. Мегӯяд, ки умри пурбаракати хешро дар ин ҷода сарф кардааст. Аз ин рӯ кулолгарирро кори осон медонад, вале дигарон дида мушкил мегӯянд.

«Барои сохтани чунин ашёҳо хоки сурх лозим аст. Хокро ба хона оварда, мисли орд майда карда, аз элак мегузаронам. Бояд ягон кулухча надошта бошад. Дар дег андохта, лой мекунам. Сипас, қисм ба қисм карда, дохили халтаҳои полиэтиленӣ мегирам ва онҳоро дар офтоб мегузорам. Ин кор ду маротиба такрор мешавад. Баъдан дар чарх монда, таблаку кӯза ва армуғон месозам. Тақрибан давоми як рӯз онҳоро дар танӯр мепазам. Баъди пухта расидан, ба рӯйи таблакҳо пӯсти гов илова мекунам»,-нақл мекунад, кулолгар.

«ҶАҲОНГАРДОНИ ХОРИҶӢ БА ХОНААМ МЕОЯНД»

Ин ҳунарманд дар овони мактабхонӣ ба рассомӣ шавқ дошт ва ҳамеша зебоиҳои табиати мамлакатро дар рӯйи қоғаз тасвир мекард. Акнун чизҳои сохтаашро худаш наққошӣ карда, онҳоро бо рангҳои мухталиф оро медиҳад. Амаки Абдулло Баротов мегӯяд, ки дар як мавсим беш аз 1000 дона таблаку гулдон ва армуғонҳои гуногуни хурду бузург месозад. Ҳар яки онҳо бо нархҳои мухталиф фурӯхта мешаванд. Масалан, таблакҳо аз 50 то 80 сомонӣ ва кӯзаҳо бошад, аз 8 то 13 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Таблакҳои сохтаашро бештар навозандаҳо харидорӣ мекунанд.  
 

Ба гуфтаи ӯ эълон гардидани Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кори ҳунарияш тағйироти куллиеро ба миён овард. Масъулини ҳукумати ноҳия ҳунарашро қадр карданд ва ӯро зуд-зуд ба чорабиниҳои фарҳангии ноҳиявию вилоятӣ ва ҳатто ҷумҳуриявӣ даъват карда, маҳсулоташро ба намоиш мегузоранд. Инчунин, аз ҳаққи пардохти андоз низ озод гардид.

«Вақте маҳсулотам дар чорабиниҳои фарҳангии берун аз ноҳия ба намоиш гузошта шуданд, миёни мардум ва ҷомеа бештар муаррифӣ шудам. Муштариён низ аз ҳар гӯшаву канори мамлакат пайдо шудаанд. Ҳатто сайёҳони хориҷӣ ба хонаам меоянд ва барои наздиконашон армуғон харидорӣ мекунанд. Дар як намоише, ки тақрибан ду моҳ пеш дар шаҳри Душанбе шуда гузашт, ба маблағи  1000 сомонӣ маҳсулот фурӯхтам»,- иброз медорад А. Баротов.

КУЛОЛГАР ВА УСТОИ МЕБЕЛ

Қаҳрамони мо дар чора-биниҳои фарҳангии ҳунарҳои мардумӣ иштирок карда, соҳиби чандин диплому сипоснома ва граммотаҳо гардидааст. Ба даҳҳо нафар нозукиҳои ҳунари кулолгариро омӯзондаву дар ин ҷода дастболо кардааст, мегӯяд, ки то он вақте, ки тавони кор дорад, ҳунари қадимии мардуми тоҷикро идома медиҳад.
 

Абдулло Баротов баъд аз хатми мактаби миёна соли 1970 ба донишкадаи техникум-сохтмон оид ба истеҳсоли мебел дохил шуда, онро соли 1974 бо муваффақият хатм мекунад. То он замоне, ки кори кулолгариро рӯйи даст гирифт, дар сехҳои мебелбарории шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳритус кор кардааст.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»