ОСОРХОНА ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ифтитоҳи Осорхонаи  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангӣ дар соли 2021 ба ҳисоб мерафт, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Дар ин боргоҳи маънавӣ  3 ҳазору 571 нигораҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешавад, ки дар солҳои гуногун аз мавзеҳои таърихии ҳудуди ин ноҳияи бостонӣ пайдо карда шудааст. Бинобар гуфтаи масъулони Осорхона аз теъдоди умумии бозёфтҳои таърихӣ 2 ҳазору 565 адади он дорои шиносномаи осорхонавӣ мебошанд.
 

Корманди ҷавони  осорхона Манижа Давлатова ба ҳайси роҳбалад фаъолият дошта, бо изҳори хушнудӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди соҳаи фарҳанг, ба истифода додани осорхонаҳои замонавиро омили муҳими маърифатнокии аҳолӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли ҷавон арзёбӣ менамояд.
Ҳамарӯза даҳҳо нафар сокинони ноҳия ва меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷ аз кишвар вориди осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегарданд,- мегӯяд Манижа Давлатова.

- Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки сайёҳони хориҷӣ бештар ба қадимтарин нигораҳои аз мавзеҳои таърихии ин ноҳия пайдо карда шуда ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи беандоза доранд. Аксарияти сайёҳоне, ки  вориди осорхона мегарданд, меҳмонони аз кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Олмон мебошанд.
 

Дар воқеъ, ҳар давлату миллатро дар арсаи ҷаҳон бо фарҳанг ва тамаддуни бойю ғании гузаштагонаш мешиносанду эътироф менамоянд. Ин аст, ки бо ташаббуси бавоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари осорхонаҳои замонавӣ садҳо иншооти муҳими фарҳангӣ бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки  фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
 

Бо шарофати ҳамин дастовардҳои бузурги фарҳангӣ имрӯз миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати соҳибтамаддун мешиносанду эътироф менамоянд. Осорхона муассисаи фарҳангиест, ки ёдгориҳои санъат, таърих, илм, техника ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон дар он ҳифз карда мешавад. Ғайр аз ин, ин муассиса ба корҳои таълимӣ машғул буда, барои тамошои мардум гӯшаи нигораҳои диданбоб омода мекунад.
 

 Осорхона аз маҷмуаи намунаҳои санъат, ашё ва нигораҳои нодир иборат буда, ҳамаи он нигораҳо афзалияти таваҷҷуҳи фарҳангии як давраи мушаххасро инъикос менамоянд. Осорхонаҳо ҳамчун як макони илми маънавию маърифатӣ пайваста инкишоф, таҳаввул ва дигаргун мешаванд ва мунтазам ғанӣ гардонидани захираҳои он, дар ҳолати пурра ба наслҳои оянда мерос гузоштани ашёву коллексияҳо ва нигоҳдорӣ аз ҳар яки мо масъулияти махсусро тақозо мекунад.
 

 Дар баробари ин, осорхона дар ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии мардум, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи муҳаббату садоқат ба Ватан нақши муҳим мебозад. Ин муассисаи фарҳангӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг, тарзи зиндагӣ, анъана ва арзишҳои миллии ҳар як миллат, таблиғ ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он нақши созанда мебозад. Осорхона ганҷинаи илмию маънавӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб рафта,  насли навраси кишварамонро дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ тарбия менамояд.
Истиқлоли кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсӣ, фарҳангӣ гардиши куллӣ ба амал овард. Хусусан, дар самти рушди осорхонаҳо дар вилояти Хатлон пешрафту дигаргуниҳои бузург мушоҳида мешавад, ки бунёду ба истифода додани Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намунаи барҷастаи он ба ҳисоб меравад.

 

 Бинобар гуфтаи масъулони ин боргоҳи маънавӣ бештари нигораҳои осорхона аз минтақаҳои гуногуни ноҳия ҷамъоварӣ карда шудаанд. Ин нигораҳои беназир таърихи на кам аз ҳазорсола доранд. Тибқи иттилоъ дар қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 4 минтақаи таърихӣ, аз қабили қалъаи Ҳалевард, қалъаи Уртабузи -1 ва Уртабузи 2 ва ҳамчунин қалъаи Золи зар, ки онро Лағмон низ ном мебаранд, мавҷуд аст.
 

Бинобар гуфтаи кормандони ин осорхона аксарияти бозёфтҳои таърихӣ, аз қабили зарфҳои гилӣ ва мисӣ ҳамчунин қубурҳо аз қалъаҳои таърихии Ҳалевард ва Лағмон дарёфт карда шудаанд.
 

Тавре, ки Манижа Давлатова иброз медорад, осорхонаи ноҳиявӣ аз 21 гӯша иборат буда, ҳар як он инъикосгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошанд. Имрӯзҳо барои ғанӣ гардонидани нигораҳои таърихӣ саҳми сокинони маҳал назаррас аст, ки ҳамасола даҳҳо номгӯи нигораҳои таърихиро дарёфт намуда, ба осорхона месупоранд.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”