ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИЛДУХТАРОН ШАНБЕГӢ ДОИР ГАРДИД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист  ва сазоваор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод кучаю хиёбонҳоро  аз ҳар гуна алафҳои бегона, хазонбаргҳо ва дигар партовҳо тоза намуда, ба ин васила саҳми худро дар сарсабзу хуррамгардонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф ва тоза намудани маҳали зисти худ гузоштанд.